Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

мантиқи ҷумларо ҳам вайрон накардааст, балки аз рӯйи анъана, дар вазифаи муқаррарии худ истифода шудааст.1

Ҷумлаи «Дар ҷанг аз пойи худ ҷудо шуд» аз мисолҳоест, ки камина истифода кардаам. Бояд гуфт, ки андешаи камина дар бораи ин, ки худ дар ин ҷумла зиёдатист, ҳанӯз андешаи пештара аст ва дигар нашудааст. Албатта, гуфтан мумкин аст, ки худ дар ин ҷумла на бо талаботи зарурии мантиқ, балки фақат барои таъкид, барои қувват додани сухан омадааст. Лекин ба назар мерасад, ки ин ҷо барои таъкиди махсус эҳтиёҷе нест.

Дар байти зерини Ҳофиз, ки Р. Ғаффоров мисол овардааст, дар ҳақиқат гӯё зарурате барои таъкиди махсус ҳаст:

Ба тарки хизмати пири муғон нахоҳам рафт,
Чаро ки маслиҳати худ дар он намебинам.

Агар хато накунем, шоир ин ҷо маслиҳати худро аз маслиҳати дигарон таъкидан ҷудо кардан мехоҳад ва ба ин ҷиҳат зикри худ зарур афтодааст. Лекин дар дигар байти Ҳофиз, ки Р. Ғаффоров овардааст, калимаи хеш (муродифи худ) гӯё бе зарурати махсуси маънавӣ зикр шудааст:

Мо озмудаем дар ин шаҳр бахти хеш,
Берун кашид бояд аз ин варта рахти хеш.

Ҳақиқатан агар ин байт бидуни зикри хеш гуфта мешуд, гӯё маъно ҳеҷ зарар намедид. Пас хеш фақат барои таъкид, қувват додани таъсири отифии сухан ва зӯртар ифода намудани бебахтии худ хизмат кардааст.

Аз ин мебарояд, ки фақат бо талаботи ҷанбаи ҳиссии сухан зикр шудани худ, ҳатто дар сурате ки зоҳири мантиқ онро тақозо надорад, ҷоиз аст. Боз дигар навъҳои чунин таъкид будагист. Бо вуҷуди ин, ба назари мо, ба ҳар ҳол ин ҷо шарте гузоштан лозим меояд. Шарти асосӣ шояд он бошад, ки зикри худ аз талаботи мантиқ сар назада бошад ҳам, бояд хилофи мантиқ набошад.

Дар ҷумлаи «Ҳар кас тарафдори ин таклиф бошад,

1 Ғаффоров Р. Дар боби ҳусни сухан. «Садои Шарқ», 1969, № 5, саҳ. 122.

пешина
аз 393
навбатӣ