Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

«Фарҳанги русӣ ба форсӣ» (1988) ин эзоҳ андак таҳрир шудааст: обиватель—тангназар, кӯтоҳназар. Яъне дар таҳрири дувум калимаи «шахс»-ро партофтаанд. Хеле кори дуруст кардаанд. Чунин таҳрир дар баъзе ҷойҳои дигари ин фарҳанг низ ҳаст.

3

Яке аз мавридҳои нодуруст омадани шахс, одам, кас, мардум ва монанди инҳо он аст, ки аз ин калимаҳо бо аҳл ибораи изофӣ мебанданд. Нодурустӣ дар он ҷост, ки худи аҳл дар ин маврид ҳаммаънои он калимаҳост ва бино бар ин бо онҳо муносибати муайянкунандагӣ пайдо карданаш мумкин нест. Масалан, мегӯянд: мардуми аҳли басират. Ва ҳол он ки худи аҳли басират одамони бофаросат ва мардумони зирак гуфтан аст (ниг.: «Фарҳанги забони тоҷикӣ»). Дар ибораи аҳли басират худи аҳл мафҳуми мардумро дар бар мегирад ва аз ин рӯ, ибораи изофии мардуми аҳл чизе монанди оби обакӣ хоҳад буд.

Албатта, мо аз ин миён ибораҳои машҳуре аз қабили одами аҳл, мардуми аҳл, ёри аҳл ва монанди инҳоро дар назар надорем. Дар ин ибораи халқӣ аҳл ба маънои сазовор ва лоиқ меояд: одами аҳл—одами сазовор. Чунончи, Носири Хусрав гуфтааст: Вазир марде аҳл буд. Зарбулмасали ёр аҳл бувад, кор саҳл бувад аз ҳамин ҷост. Инҳо ҳама дар забон ҳуқуқи комил доштанд ва хоҳанд дошт. Вале мо ҳоло ба он чиз диққат ҷалб кардани ҳастем, ки имрӯз баъзе қаламдастҳо калимаҳоеро аз қабили шахс, одам ва мардум ба ибораи устувори аҳли басират, аҳли дил, аҳли кор, аҳли илм ва ғайра илова мекунанд, ки ҳаргиз дуруст нест. Чунончи ин гуна ҷумлаҳо бисёр ба назар мерасад:

«Фидои одами аҳли фаҳм шавам».

«Ту одами аҳли фаҳм ҳастӣ».

«Ҳама вобаста ба одамони аҳли фазли республика аст».

«Маданияти нави мо ба ҳамаи одамони аҳли меҳнат баробар хизмат мекунад».

Дар ҳамаи чунин ҷумлаҳо одам ва аҳл — ҳар ду ба як маънӣ меояд. Дар сурате ки худи аҳли фаҳм — мардуми хушфаҳм ва закӣ, аҳли фазл—одамони до-рон фазлу дониш, аҳли меҳнат—меҳнаткашон аст, ҳеҷ

пешина
аз 393
навбатӣ