Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

фадекор нишон медиҳанд». (Ин ҷо чун ҳам чандон зарурат надорад).

«Ҳар одам бояд ба каси дармондае некиву ғамхорӣ кунад».

«Шоир чунин танзеҳ медиҳад, ки шахси масти ишқ бояд аз ҳастӣ даст кашад». (Ин ҷо шахси масти ишқ бояд аз хунук афтодааст, ҳатман шахсро фурӯгузор кардан даркор буд ё, масалан, «он ки масти ишқ аст», гуфтан лозим буд).

Бар ваъдаи худ шахси вафодор ту ҳастӣ,
Ҳар шому саҳар дидаи бедор ту ҳастӣ.

Хуллас, талаби асосии услуб ин аст, ки дар ибораи изофии калимаҳои шахс, одам, инсон, кас ва ғайра бо сифатҳои исмшаванда наоянд, беҳтар аст. Ин қоидаи асосист, ки истисноҳое ҳам дорад, вале асосан бояд риоя шавад. Дар сурате ки шахс, инсон, одам, кас ва дигар чунин мафҳумҳои умумиро мушаххас кардан даркор шуд, пеш аз сифати исмшаванда зикр шудани исми холис зарур аст, чунончи, дар ибораҳои ҷавони донишманд, марди баинсоф, зани соҳибҷамол, подшоҳи золим ва ғайра ҳамаи сифатҳо сифатҳои исмшаванда мебошанд, зимо исмҳое, ки пеш аз онҳо бо изофат омадаанд, исмҳоеанд, ки мафҳуми умумии шахс, инсон, одам ва монанди инҳоро мушаххасӣ мебахшанд: ҷавон, мард, зан, подшоҳ нисбат ба шахс ва одам мушаххастар аст, як ҷузъи мафҳуми умумии куллист, ҷузъро аз кулл ҷудо мекунад. Бино бар ин зикри ин исмҳо дар ибораи изофии дорои сифатҳои исмшаванда ҳатман зарур аст. Агар ин исмҳоро зикр накунем, номаълум мемонад, ки кадом донишманд, кадом баинсоф ё чӣ гуна золимро дар назар дорем. Лекин ҳангоме ки умуман аз донишманде ё донишмандоне, баинсофе ё баинсофоне, золиме ё золимоне сухан меравад, ба зикри мафҳуми умумии шахс, одам ва ғайра эҳтиёҷ намемонад, зеро ин мафҳумро худи он сифатҳои исмшаванда дар бар доранд.

Чунин аст, ба назари мо, моҳияти услубии истифодаи мафҳумҳои куллӣ ва ҷузъӣ дар ибораи изофии дорои сифатҳои исмшаванда.

Барои қувват додани ин фикр як мисоли ибратомӯз
меоварем. Дар «Фарҳанги русӣ ба форсӣ», ки соли 1965
дар Маскав чоп шуда буд, чунин эзоҳе ҳаст: обиватель—
шахси тангназар, шахси кӯтоҳбин. Дар нашри дувуми

пешина
аз 393
навбатӣ