Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

Дар бини ҷавонмарди тариқатҳои гуногун чандон нақше бозӣ намекунанд. Ин ҷо ҳам нақш ба маънои рол истифода гардидааст.

Ин тавр ба ҷойи рол истифода шудани нақш ҳаргиз дуруст нест. Нақш калимаи арабист, ки ба забони тоҷикӣ маъниҳои гуногун дорад. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» 8 маънои он қайд шудааст: ранг, сурат, навиштан, лоиқа, бахт ва ғайра. Ягон маънои он ба маънои рол мувофиқ намеояд. Дар байни ибораҳои изофӣ ва феълҳои таркибӣ, ки дар «Фарҳанги» мазкур зикр шудаанд, ягон таъбир нест, ки маънои нақш дар дохили он ба маънои рол наздик бошад.

Дар ҳақиқат, модоме ки маънои аслии нақш ранг ва сурат будааст, нақш бозидан чӣ маъно хоҳад дошт? Не, маънӣ надорад. Дар ин маврид ҳам мо ба гардани калимаи нақш маъноеро, ки худ дар он нест, зӯран бор карда истодаем. Аз ин рӯ, дар мавридҳои боло ба ҷойи нақш бояд рол истифода шавад.

Ҳоло нақш ба ҷойи рол хусусан дар истилоҳоти драматургӣ ва театр бисёр ба чашм мехӯрад. Чунончӣ, мегӯянд:
«Ӯ дар ин спектакл нақши арусро иҷро намуд».
«Нақшҳои асосиро ҳунарпешагони номӣ офаридаанд».
«Нақшҳои офаридаи ин артист ҷолиби диққатанд».
Дар чунин ҷумлаҳо ҳам, ба ақидаи мо, нақш ҷойи родро гирифта наметавонад. Дар чунин ҷумлаҳо таъбири нақш иҷро намуд ё нақш офарид агар маъние дошта бошад, ҳамин хоҳад буд, ки ранге молид ё сурате кашид. Албатта, сурат кашидан ба маънои образ офаридан наздик аст, вале ба ҳар ҳол ҷойи рол иҷро намуданро гирифта наметавонад.

Аз ин рӯ, мо ақида дорем, ки дар истилоҳоти театр ва драматургия ҳам бо нақш иваз кардани рол мумкин нест.

Солҳои охир ба ҷойи рол истифода гардидани нақш
ба матбуоти мо аз форсии имрӯза ва дарии Афғонистон
омад, яъне натиҷаи тақлиди маҳз аст. Ва ҳол он ки
дар Эрону Афғонистон ҳам баъзе донишмандон аз ин
тарзи ба кор бурдани нақш норозӣ баён карда истодаанд. Чунончӣ, Парвези Нотили Хонларӣ дар ҳаққи
инҳо, ки «нақш»-ро ба ҷойи «рол» кор мефармоянд, бо
нигоҳи сахте сухан рондааст: «Мегӯед: чӣ айбе дорад,
ки «нақш»-ро ба ин маънои тоза ба кор бубарем? Ҳеҷ

39

пешина
аз 393
навбатӣ