Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

буданд, бояд ном гирем ва ҳақ надорем, ки аз пеши худ номе сохта ба онҳо нисбат диҳем ё ки номеро, ки дигарҳо ба онҳо нисбат додаанд, мо ҳам қабул намоем.

Агар аз ин дидгоҳ ба таърих нигарем, бояд ба ёд орем, ки давлати Бухоро аморат ва ҳокимони он амир номида мешуданд. Пас, имрӯз ҳам бояд аморати Бухоро гӯем, на хонигарии Бухоро, инчунин амири Бухоро гӯем, на хони Бухоро! Аммо Қӯкандро давлати хонияи Қӯканд ва ҳокими онро хони Қӯканд гуфтан лозим меояд. Ҳамчунин бояд давлати хонияи Хева ва хони Хева гуфта шавад. Ҳатто ҳангоми тарҷумаи матни сарчашмаҳои русӣ, ки дар ин маврид калимаи ханство корбаст омадааст, мо бояд давлати хония бигӯем, зеро муродифи ханство ҳамин аст. Аммо агар ба ҷойи аморати Бухоро дар сарчашмаи русӣ Бухарское ханство омада бошад ё ки амири Бухоро хон номида шуда бошад, он гоҳ маҷбур ҳастем, ки онро давлати хонияи Бухоро ва хони Бухоро тарҷума кунем, зеро дар ин сурат бо фаҳмишу номгузории дигарон (кишварҳои дигар) сару кор дорем ва онро бояд айнан риоя намоем. Дар ҳамин сурат ҳам калимаи хонигарӣ бояд ба кор наравад, зеро он вақтҳо ба сифати истилоҳи расмии иҷтимоиву сиёсӣ вуҷуд надошт.

ҲАРЧАНД... БОШАД ҲАМ, АММО...

Яке аз қоидаҳои забон ин аст, ки барои ифодаи хилофият дар сари ҷумлаи пайрав пайвандаки ҳарҷанд (ки), гарҷанд (ки), агарчӣ, гарчӣ меояд. Чунончӣ:

Агарчӣ ҳақ талх бошад, бибояд шунид («Қобуснома»).

Ҳарҷанд ки ба маънӣ рақик аст, ба сифат борик
аст («Тарҷумонулбалога»).

Агарҷанде баъзе аз удабову шуаро ба тақлиди Бедил чанд ғазал ва абёте гуфтаанд, на дар мартабаи каломи ӯст (Зуфархони Чавҳарӣ).

Дар ин ҷумлаҳо пайвандакҳои агарчӣ, ҳарҷанд ки,
агарҷанде дар аввали ҷумлаи пайрав омада, маъниеро,
ки хилофи маънии сарҷумла аст ифода мекунанд, зидди якдигар будани ду маъниро мефаҳмонанд. Мисолҳое, ки овардем, ба асрҳои гузашта - аз қарни XI
то оғози садаи XX тааллуқ доранд. Ин қоида дар забони имрӯза ҳам ҷорист, лекин азбаски машҳур аст,

пешина
аз 393
навбатӣ