Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ба -ӣ баргаштан нашрояд. Яъне, ба ақидаи мо, найчӣ, сурнайчӣ, нақорачӣ (усул дар дасти нақорачӣ — зарбулмасал) дар забони адабӣ ҳам ҳуқуқи комилро дорост. Лекин ба ҷойи доирачӣ дар забони адабӣ доирадаст кор фармуда шавад, беҳтар будагист, зеро ин калимаи халқии зебои хушсадоест, ки аз он садои худи доира ба гӯш мерасад.
Калимаҳои нави ифодагари созандагиро ба фикри мо, бо пасванди -чӣ сохтан лозим меояд: скрипкачӣ, пианиночӣ, гармончӣ, саксофончӣ ва ғайра. Дар ин мавридҳо гоҳ ба ҷойи -чӣ асоси феъли навохтан навоз-ро ба кор мебаранд: роялнавоз, пианинонавоз, ҳатто рубобнавоз. Камина ақида дорам, ки аз чунин калимасозӣ худдорӣ варзидан беҳтар аст. Чаро ки дар ин гуна мавридҳо истифодаи асоси феъли навохтан расм нашудааст ва маълум нест, ки чаро солҳои сиюми баъд чунин расме ҷорӣ кардан хостанд ва номи як дастаи машҳури онвақтаро «Ансамбли занони рубобнавоз» гуфтанд. Ин саҳв гӯё акнун ислоҳ шудааст ва ҳоло онро «Дастаи бонувони рубоб» меноманд, ки дуруст ва зеботар аст.
Пешниҳоди чорум. Гоҳ ба калимаҳое, ки бо -чӣ сохта шудаанд, боз пасванди -гӣ илова мекунем: абрешимчигӣ, миллатчигӣ, тӯҳматчигӣ, таркидунёчигӣ.
Агар саҳв накунам, ин тарзи калимасозӣ дар натиҷаи ба тоҷикӣ кӯчонидани шакли узбекии -чи+лик пайдо гардидааст, яъне аз пахтачилик, миллатчилик ва амсоли инҳо гирифта шудааст. Лекин айнан нусхабардорӣ шудааст, аз ин рӯ ноҷаспон менамояд.
Чӣ+гӣ на чизи сода, балки як шакли мураккаб аст ва ҳол он ки хусусан шаклҳои мураккаб агар айнан ба забони дигаре гузаронида шаванд, гоҳ чун чизи ғайриодӣ ва бегонае аз табиат дур мемонанд. Ҳамин ҳолат аз калимаҳое, ки чӣ+гӣ доранд, эҳсос мешавад. Бино бар ин, камина таклиф пеш мегузорам, ки то қадри имкон аз истифодаи ин шакл худдорӣ бояд кард. Маъниеро, ки чӣ+гӣ ифода менамояд, бо дигар воситаҳои муқаррарии тоҷикӣ адо кардан мумкин аст.
Аз ҷумла: тӯҳматчигӣ — тӯҳматкорӣ, тӯҳматгарӣ; миллатчигӣ — миллатгароӣ, миллигароӣ (ки солҳои охир бештар расм шуда истодааст); абрешимчигӣ — абрешимдорӣ, абрешимпарварӣ; таркидунёчигӣ — тарки дунё.
Охирин таклифи мо ба он навъи калимаҳо дахл

пешина
аз 393
навбатӣ