Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

аз (вожаҳои) мазкурро ба туркӣ мегӯянд» (туркча-айтурлар)1.

Аз ин таъкид бармеояд, ки пасванди туркии -чӣ дар садаи 15, дар замони Ҷомиву Навоӣ ҳанӯз ба забони форсӣ-тоҷикӣ нагузашта будааст, вале бисёре аз вожаҳои туркии боло бо пасванди -чӣ ба форсӣ-тоҷи-кӣ даромада будаанд. Шояд он гоҳ ин вожаҳо на ба форсия адабӣ, балки ба гуфтугӯии форсӣ дохил шуда буданд ва ин ҳам муҳим аст, ки бештарини онҳо дар форсии адабии имрӯз, чи тоҷикии Мовароуннаҳр, чи дарии Афғонистон, чи форсии Эрон вуҷуд надоранд. Яъне шояд ба форсии адабӣ нагузашта, фақат дар гуфтугӯ монданд, яъне дар забон устувор ҷо нагирифта буданд ва бархе аз онҳо зуд аз забон берун шуданд ва ба ҷойи онҳо калимаи нави тоҷикӣ ба вуҷуд омад, ки гоҳ бо -чӣ буд, чунончи обчӣ ба ҷои сувчӣ пайдо шуд.

Хулосан асосии мо аз маълумоте, ки Алишерӣ На-вой овардааст, ин аст, ки пасванди туркии -чӣ аз на-хуст ба забони форсӣ-тоҷикӣ бо калимаҳои туркӣ омада буд, на бо калимаҳои форсӣ. Танҳо чанд вожае чун чавгончӣ, найзачӣ, ахтачӣ аз вожаи форсӣ ва ҳизоначӣ, ҳалвочӣ аз вожаи арабӣ сохта шудааст ва шак нест, ки инҳо низ дар забони туркӣ пасванди -чӣ гирифтаанд.

Ошкор аст, ки -чӣ аз аввал дар забони форсӣ-тоҷикӣ бо вожаҳои туркӣ омад, дар асрҳои баъд низ аз вожаҳои форсӣ бо -чӣ кам калима сохтаанд. Инро бояд аз ёд набарем. Чун аз охирҳои қарни бист меъёрҳои классикии забон бештар қувват гирифтанд, бояд ба ёд дошта бошем, ки афзоиши амали -чӣ ҷузъе аз меъёрҳои классикӣ нест ва -чӣ дар забони классикӣ камистеъмол буд. Пас агар дар садаи бист, ба вежа дар замони шӯравӣ -чӣ якбора фаъол шуда, аз ҷумла чунончи дар осори устод Айнӣ аз -гар бештар ҷой ёфта бошад, инро натиҷаи неру афзудани меъёрҳои классикиву халқӣ, нишонаи қувват гирифтани халқияти забон набояд донист. Ин бегумон натиҷаи афзоиши таъсири забони узбакӣ ба бархе лаҳҷаҳои шимолии забони тоҷикӣ буд. Баски дар аҳди шӯравӣ аз рӯйи принципи интернатсионализми нугизабонӣ ба хотири «дӯстии халқҳо» падидаҳои таъсири халқҳои шӯравӣ ба якдигарро намоиш додан лозим буд, дар осори устод Айнӣ

1 Алишер Навоӣ. Асарлар, ч. 14, Тошканд, 1967, саҳ. 17.

пешина
аз 393
навбатӣ