Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

«Дар Англия нархи озуқаворӣ ва молҳои зарурӣ қиммат шуда истодааст».

«Нарҳу наво се фоиз қиммат шудааст».

Ничунин ибораҳое аз қабили «қиммат шудани арзиши аслии маҳсулот» ё «арзон кардани арзиши аслии молҳо» зуд-зуд ба мулоҳиза меоянд.

Ба назари мо, дар чунин ҷумлаҳову ибораҳо саҳве ҳаст. Арзон шудан ё қиммат шудан нисбат ба нарҳ ё арзиш истифода нашавад, беҳтар аст. Нарх ва арзиш арзон ё қиммат не, балки кам ё зиёд, паст ё баланд мешавад, аммо худи мол арзону қиммат метавонад шуд. Арзонӣву қиматӣ сифати мол аст, на сифати нарҳу арзиш. Сифати нарҳу арзиш камиву зиёдӣ ва пастиву баландӣ мебошад.

Аз ин рӯ, ба фикри мо, беҳтар аст, ки «баланд ё паст шудани арзиши аслии маҳсулот», «кам ё паст кардани арзиши аслии молҳо» гӯем. Аз ин қиёс ҷумлаҳои болоро низ ба ин тарз тасҳеҳ кардан беҳтар аст:

«Нархи орду равған кам (ё паст) шуд».

«Дар Англия нархи озуқаворӣ ва молҳои зарурӣ баланд (ё зиёд) шуда истодааст».

«Нарҳу наво се фоиз афзудааст». (Дар бораи таъбири нарҳу наво дар ин китоби мо алоҳида сухан рафтааст).

Дар айни замон ин ҷумлаҳоро ба тарзи зерин ҳам ифода кардан мумкин аст:

«Орду равған арзон шуд».

«Дар Англия озуқаворӣ ва молҳои зарурӣ қиммат шуда истодааст».

«Хӯрокворӣ се фоиз қиммат шудааст».

«Арзон шудани нарх» дар навиштаҳои классикӣ, чунончи, дар «Таърихи Наршахӣ» низ дида шуд: «Акнун нарх арзон шудааст» (Таърихи Бухоро; саҳ. 37). Устод Айнӣ ҳам «нархи аз ҳама арзонтар» гуфтааст. Маълум мешавад, ки ин таъбир ҳазор сол таърих дорад.

«МУСИҚӢ»

Ҳоло калимаи мусиқӣ ҳам аксаран гӯё нодуруст кор фармуда мешавад.

Масалан, чунин ҷумлаҳоро мешунавем: «Оркестр «Ишрат» ном мусиқиро менавозад», «Якчанд мусиқии

пешина
аз 393
навбатӣ