Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин ҷумла маълум нест, ки умуман мавсим дар назар аст ё фақат мавсими ҷорӣ. Яъне мавсим на аломати муайяниҷ дорад, на аломати номуайянӣ. Ва ҳол он ки то яке аз ин аломатҳо дар ҷояш нагузорем, маъно равшан нахоҳад шуд. Аз ин рӯ, ҳатман ё Дар як мавсим ё ки дар ҳар мавсим ва ё ки дар ин мавсим гуфтан даркор буд. Агар дар як мавсим гӯем, мавсими номуайяне — ҳам мавсими ҷорӣ ва ҳам мавсимҳои дигар, мавсимҳои гузаштаву ояндаро дар назар хоҳем дошт. Дар ҳар мавсим низ ҳамин маъниро ифода мекунад, вале на ба шакли номуайянӣ, балки ба шакли таъинӣ. Аммо агар дар ин мавсим гӯем, фақат мавсими ҷориро ё ки танҳо он мавсимеро, ки дар бораи он гап зада истодаем, ба назар мегирем.

Фақат дар сурати истифода шудани яке аз ин аломатҳо дар ҷумлаи мазкур фикр дуруст ифода мегардад. Аммо дар мавриди зарурӣ аз таъиноти даркорӣ, чунончи аз аломати муайяниву номуайянӣ маҳрум мондани калима нуқсони ҷиддие дар тарзи баён аст.

Гоҳ барои аз кул ҷудо кардани ҷузъ ишораи ин кифоя намекунад ва воситаҳои дигар ҷустан лозим меояд. Чунончи, ибораи Барои амнияти сайёра ба сифати сарлавҳа ё дар таркиби ҷумлае дар матбуот бисёр ба чашм мерасад. Ин ибора вариантҳои дигар ҳам дорад. Дар аксари ин мавридҳо сайёра маънои мутлақ ва ҷомеъ дошта, умуман сайёра, ҳар як сайёраро ифода мекунад. Ва ҳол он ки назардошти мо аз ин ибора сайёраи худамон — сайёраи Замин аст. Пас барои амнияти сайёраи мо гуфтан даркор аст. Гоҳ чунин ҳам мегӯянд, вале ҳамеша чунин гуфтан ё шаклҳои дигари таъкиди муайяниро низ ҷустан лозим аст.

Воситаи ифодаи муайянӣ фақат ин нест. Яке аз воситаҳо ишоратҷонишини он аст. Истеъмоли он асосан монандӣ истеъмоли ин буда, як фарқ дар он аст, ки ин предмети наздиктарро ва он предмети дуртарро муайян мекунад.

Ин ҷо аз тарзи истифодаи он фақат ба як лаҳза диққат ҷалб кардан мехоҳем. Ин ҳам бошад, бо он изофаи ҷумла, ки пеш аз ҷумлаи пайрав истодааст, омадани он мебошад. Одатан калимае, ки пеш аз ҷумлаи пайрав истодааст, аломати номуайянӣ — артикли -е

пешина
аз 393
навбатӣ