Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

фақат як гурӯҳи донишҷӯён тасвир шудааст ва дар ҳар институт, шояд ҳатто дар ҳар курс боз чандин гурӯҳ аз ин донишҷӯён ҳастанд. Бино бар ин дар поини сурати рӯзнома навиштан лозим аст: дар расм: як гурӯҳи донишҷӯён ё як гурӯҳи донишҷӯён. Он гоҳ маъно дуруст ифода хоҳад шуд.

Дар ин маврид ҳам як на фақат номуайянӣ, балки ба андозаи муайяниро низ ифода месозад. Ҷузъеро аз том ҷудо кардан онро аз як ҷиҳат муайян намудан аст. Чун дар поини сурат гуфтаанд: Шумо гӯшаи майдонро мебинед, суханро нодуруст адо кардаанд, зеро ин матлабро мо аз дидани сурат фаҳмидем ва модомки дар зери сурат матне илова кардан лозим шудааст, мо аз ин матн бояд фаҳмем, ки як гӯша ё ду-се гӯшаи майдон, гӯшаи дур ё наздики он ва ғайра, яъне аз майдон чиро мебинем. Ҳамаи ин муайянкунандаҳо — як, ду, се, дур ва наздик гӯшаро аз ягон ҷиҳат муайян мекунанд. Аз ҷумла як ҳам ҳамин гуна вазифа адо мекунад. Дар айни замон чун як гӯша мегӯем, ҳанӯз маълум нест, ки кадом ва чӣ гуна гӯшаро дар назар дорем. Яъне як калимаро фақат андак муайян мекунаду бас.

Дар ҷумлаҳои боло зикр нашудани як боиси он гардидааст, ки сухан аз ҳамаи ин маъниҳо маҳрум шудааст. Агар хоҳем, ки ин маъниҳо бо ҳама тобишҳо ифода гардад, муайяниву номуайянӣ ва таносуби ҷузъу кул маълум бошад ва мантиқи сухан устувор шавад, дар ҷумлаҳои боло артикли як-ро илова кардан лозим аст.

Як қисми ҷавонбухориён вакилони худро ба Бухоро фиристоданд.

Вай нақшаи як қисми сохтмонро аз назар мегузаро-нид.

Шоир эҳсосоти як гурӯҳи деҳқонбачагонро нишон додааст.

Дар расм як гурӯҳи (ё як гурӯҳ) донишҷӯёни омӯзишгоҳи омӯзгорӣ.

Мусиқии имрӯзаи тоҷик бо номи як зумраи (ё як зумра) бастакорон вобаста аст.

Шумо як гӯшаи ин майдонро мебинед.

Ин тарзи баён дар навиштаҳои устод Айнӣ дида мешаванд. Чунончи, ин ҷумла аз ӯст:

Дар он давр як қисми калони олимон ва шоирон бисёр хорӣ медиданд.

Ба фикри мо, ин ҷумлаи устодро барои ҳамаи чу-

30!

пешина
аз 393
навбатӣ