Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

«Чӯпонҳои нотарс баъзан рӯзона рамаашонро ин ҷо меоварданд. Хусусан чӯпонбачаи нотарс, ки ягона фарзанди модар буд, рамаашро ба ин дара бисёр меовард».

Дар ҷумлаи дувуми ин порча як чӯпонбачаи нотарс ё чӯпонбачаи нотарсе гуфтан даркор буд, чунки нависанда аз ӯ акнун сухан сар кард ва мо чигунагии ин персонажро ҳанӯз намедонем.

Ҳамин ҳолатро дар ҷумлаи зерин ҳам мебинем:

Ҳумой аз ҳарам берун шуда, ба пири деҳқон дучор омад.

Ин ҷо ҳам як пири деҳқон гуфтан лозим буд, то ин ки ҳанӯз номаълум будани ӯ таъкид шавад. Лекин агар пири деҳқон пеш аз ин ёдовар шуда ва барои хонандаву шунаванда маълум бошад, он гоҳ бояд он пири деҳқон гуфта мешуд. Дар ин сурат он муайянии шахсро ифода мекунад. Вале азбаски дар ҷумлаи боло на як ҳаст ва на он, ҳолати аҷибе рӯй додааст, ки пири деҳқон на муайян аст, на номуайян. Ва ҳол он ки бояд ин тавр нашавад. Ҳар шахс ва чиз бояд муайян ё номуайян бошад ва ин дар таркиби ҷумла инъикос ёбад. Дар акси ҳол мантиқи фикр ноқис хоҳад буд.

Ба ин ҷумлаҳо диққат кунед:

«Баъзан кас духтаракро дучор меояд, ки аз матои одӣ курта дорад».

«Як рӯз дар идора ҳамкори ҷавонамон мепурсид, ки кремсленро аз куҷо ёфтан мумкин аст».

Ҳамон нуқсон, ки гуфтем, дар ин ҷумлаҳо низ мавҷуд аст ва баён шакли русӣ дорад. Боз ҳам «Духтарак» ва «ҳамкори ҷавон» на муайян аст, на номуайян. Гуё байни замину осмон муаллақ истодааст. Агар номуайян бошад, хатман як духтарак ё духтараке ва як ҳамкори ҷавонамон, агар муайян бошад, ин Духтарак ё он ва ё ҳамон духтарак ва ин ҳамкор ё он ва ё ҳамон ҳамкори ҷавонамон гуфтан даркор буд. Аз рафти сухан маълум аст, ки дар ҷумлаҳои мазкур таъкиди номуайяни зарур буд: кас духтаракере дучор меояд, ки..., як ҳамкори ҷавонамон мепурсид, ки...

Акнун ин ҷумларо аз назар гузаронем:

«Марксизм-ленинизм санъатро на танҳо воситаи дарки воқеият, балки воситаи муҳими таъсиррасонӣ ба воқеият медонад».

Дар ин ҷумла калимаи «восита» ду бор зикр шудааст.

пешина
аз 393
навбатӣ