Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ҳанӯз ба ифодаи оғоз шарик мешавад ва ҳол он ки ба иштироки вай зарурате нест: ин вазифаро худи аз ифода мекунад. Ба назари мо, ибораи «ҳанӯз дар солҳои сиюм» ва монандӣ инҳо низ нишонаи дуруст ифода карда натавонистани фикр аст, ба ҷойи як шаклу восита шаклу воситаи дигареро истифода кардан мебошаду бас.
Ниҳоят, боз як ҷиҳати масъаларо таъкид карданӣ ҳастем.
Дар навиштаҳои имрӯза шакли то ҳанӯз низ бисёр ба чашм мерасад. То ҳанӯз ҳатто ба шеър роҳ ёфтааст:
То ҳанӯз ин фанни ноомӯхту омӯхтро
Ҳар касе дар зиндагонӣ пурсуҷӯе мекунад.
Ва ҳол он ки устод Айнӣ дар «Луғати нимтафсилӣ» махсусан таъкид карда буд: «То ҳанӯз навиштан хатост». Сабаби ин ҳукми устод он аст, ки мафҳуми то дар худи ҳанӯз мавҷуд аст: азбаски ҳанӯз давом доштани равандеро ифода мекунад, то ҳам ба доираи маънои он медарояд. Дар луғати устод ҳанӯз чунин эзоҳ шудааст; то ҳол, то акнун. Аз ин эзоҳ ҳам дида мешавад, ки вазифаи то бо худи ҳанӯз ифода гардидааст.
Аз ин ҷо боз як бори дигар ба муоина мебинем, ки барои ифодаи оғози раванде истифода шудани ҳанӯз дуруст нест: то идомаву интиҳоро мефаҳмонад, аммо оғозро аз ифода мекунад, на то ё ҳанӯз.
Ин ҳам гуфтанист, ки ин қадар нодуруст ба кор рафтани ҳанӯз (ғайр аз то ҳанӯз) дар забони тоҷикии садаи бист аз нуфузи забони русӣ ба миён омада, маҳсули итоати кур-курона ба он аст. Гумон кардаанд, ки ҳанӯз-и тоҷикӣ дар ҳама мавридҳо муодили еще-и русӣ мебошад. Аз ин рӯ ҳамаи мавридҳои истифодаи еще-ро ба тоҷикӣ бо ҳанӯз овардаанд. Алҳақ, мардуми мо тарзи баёнро на аз забони классикӣ ва халқии худ, балки аз русӣ меомӯзанд. Аз забони классикӣ ва халқӣ каме дур шуда, бо суръат ба русӣ наздик мешаванд. Қолибҳои русӣ бештар аз қолибҳои худи эътибор пайдо кардааст.
ҶОЙИ КАЛИМА ДАР ИБОРА
Яке аз нуқсонҳои услуб он аст, ки як калима, ибора ё ҷумла на дар ҷойи худ, балки дар ҷойи дигаре гузошта мешавад. Ин ҳолат гоҳ боиси сустии баён ва

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо