Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

нисбат ба замони ҳозира кор фармуда мешавад. Агар ба гузашта нисбат ёбад ҳам, гузаштаи мутлақ не, балки гузаштае, ки оянда ва имрӯза ба ҳисоб гирифтааст, дар назар дошта мешавад: «Ман он вақт ҳанӯз ҷавон будам»: «Дирӯз ҳанӯз ба хона наомада фаҳмидам, ки...»: «Он гоҳ намунаҳои фолклор ҳанӯз дастраси мо нагардида буданд». Дар ин мавридҳо ҳанӯз ба маънои ҳоло омадааст.

Мутаассифона, дар навиштаҳои имрӯза гоҳ ин хусусияти ҳанӯз ба назар гирифта намешавад. Ҳанӯз дар навиштаҳои имрӯза ба гузаштаи мутлақ ҳам нисбат дода мешавад. Чунончи, ба ин тарз:

«Нависанда ба ин мавзӯъ ҳанӯз аз оғози фаъолияташ рӯӣ овардааст».

Дар ин ҷумла ҳанӯз бемаврид аст. Бемаврид будани он аз он ҷо маълум мешавад, ки онро бо муродифҳои мазкураш — бо то ҳол, ҳоло ва ҳоло ҳам иваз кардан имкон надорад. Зиёда аз ин, дар ҷумлаи боло ҳанӯз аслан лозим нест. Агар «Нависанда ба ин мавзӯъ аз оғози фаъолияташ рӯӣ овардааст» гӯем, матлаб пурра ифода мегардад. Ин ҳолро аз ҷумлаҳои зерин ҳам мебинем:

«Ҳанӯз аз рӯзҳои аввал ба хулосае омадем, ки...»

«Ҳанӯз аз овони ҷавонӣ ашъори ӯ оҳанги инқилобӣ дошт».

«Шаҳрошӯб ҳанӯз аз нимаи дувуми асри XI маълум аст».

Ин ҷумлаҳоро бидуни ҳанӯз хонем, мебинем, ки ҷумла бе ҳанӯз ҳам маънои матлубро ифода мекунад. Дар чунин ҷумлаҳо ҳанӯз на ба маъно чизе илова менамояд, на вазифаи таъкидеро ба ҷо меорад. Пас онро зиёдати бояд донист.

Ин ҷумлаҳоро ки бо партофтани ҳанӯз шаклу мазмуни дуруст мегиранд, шартан гурӯҳи якуми ҷумлаҳое, ки дар онҳо ҳанӯз бемаврид омадааст, ҳисоб мекунем. Гурӯҳи дувуми чунин ҷумлаҳо он аст, ки баъди ҳанӯз ҳоли замон бо пешоянди дар сар шудааст. Масалан, ба ин тариқ:

«Ин масъала ҳанӯз дар солҳои сиюм диққати олимонро ба худ ҷалб карда буд».

«Тарҷумаи немисии ашъори Фирдавсӣ ва Хайём ҳанӯз дар аввали асри XIX пайдо шуданд».

Ин ҳодиса ҳанӯз дар аввали зинаҳои инкишофи адабиёти советии тоҷик падид омада буд.

пешина
аз 393
навбатӣ