Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳулк), атроф (ҷамъи тараф), аврок (ҷамъи варақ) ва ғайра мебошанд, ки инҳоро ҷамъи шикаста меноманд.
Ҳоло баъзе муаллифон ба ин ҷамъҳои арабӣ ҳам аломати ҷамъи тоҷикии -ҳо илова мекунанд, ки ба фикри мо, дуруст нест ва худдорӣ аз он зарур аст.
Фақат баъзе аз ҷамъҳои шикастаи арабӣ ба тоҷикӣ бештар маънои танҳоро гирифтаанд. Чунончи, аҳвол, атвор, ахлоқ ба тоҷикӣ аксаран ҷамъ тасаввур намешавад, балки як мафҳуми умумии ҷомеъ ба тасаввур меояд. Дар ин сурат ҳам ба онҳо илова кардани аломати ҷамъи тоҷикӣ матлуб нест.
Баъзе аз ин ҷамъҳои арабӣ дубора ҷамъ мешаванд. Чунончи, ахбор, ки худ ҷамъи хабар аст, пасванди -от қабул карда, ахборот мешавад. Ин ҷамъбандии дубора ро ҷамъи ҷамъ меноманд. Ахборот ба забони тоҷикӣ ҳам гузаштааст ва бисёр истифода мегардад. Лекин гоҳ онро аз он ҷиҳат нодуруст истифода мекунанд, ки агарчи худи он ҷамъи ҷамъ аст, боз аломати ҷамъи тоҷикӣ ба он илова менамоянд ва ахборотҳо мегӯянд. Он гоҳ ҷамъи себора ба миён меояд. Ба фикри мо, ба ин ҷамъбандии себора эҳтиёҷ нест.

Ба ин муносибат як масъалаи муҳими дигар пеш меояд, ки дар бораи он ҳам фикри худро маълум кардан мехоҳем.
Ҷамъбандии арабӣ, аз ҷумла ҷамъи шикаста дар забони адабии давраҳои гузашта хеле бисёр истифода мешуд. Аммо дар асрҳои охир, ба вежа дар замони шӯравӣ, бо демократӣ шудани забони адабии тоҷикӣ ҷамъбандии арабӣ торафт кам шудан гирифт ва чун яке аз шаклҳои архаистӣ қариб тамоман аз истеъмол баромад. Ин раванд аз солҳои аввали инқилоб сар шуд. Идораи якумин маҷаллаи тоҷики «Шӯълаи инқилоб» соли 1919 ба фаъолони худ чунин муроҷиат карда буд: «Ба нигорандагони гиромии худ ёдовадӣ менамоем, ки ҳангоми нигориши мақола аз истеъмоли калимаҳои сахт ва нодири арабӣ худдорӣ карда, то метавонанд, ба забони содаи форсӣ ва ба ибороти ошкори авомфаҳм бинависанд ва низ калимаҳои арабиву форсиро ба қоидаҳои арабӣ ҷамъ набаста, ба дастури форсӣ, ки ба воситаи «ҳо» ё «он» аст, ҷамъ созанд, яъне ба ҷойи фаромин фармонҳо, ҳозирин — ҳозирон, навиштаҷот — навиштаҳо, макотиб — мактабҳо, шуаро — шоирон ва мисли инҳо ҷамъ оваранд» («Шӯълаи инқилоб», 1919, № 20, саҳ. 1). Чунин даъватҳо баъдтар ҳам давом кард ва амалӣ шуд.

пешина
аз 393
навбатӣ