Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ва русӣ ҳар феъл кадом пешояндҳоро талаб дорад, дар дастури татбиқӣ (грамматикаи муқоисавӣ) бояд аз масъалаҳои асосӣ бошад.

ПЕШОЯНДИ «ОИД БА»

Дигар пешоянде, ки низ мавриди меҳру муҳаббати махсуси аҳли қалам қарор гирифтааст, пешоянди оид ба мебошад. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки онро дар ҷойҳое меоранд, ки асло лозим нест ва ба ҷойи он як изофат кифоя буд.

Масалан, гуфтаанд: «Вазири оид ба масъалаҳои илми Англия дар гуфтушунид иштирок кард». Ин ҷо андаке диққат кунем: «вазири оид ба масъала» — яъне чӣ? Агар «китоби оид ба фалон масъала» гӯем, аз ин гап маъние фаҳмидан мумкин аст. Аммо «вазири оид ба фалон масъала» таркибест, ки ҷузъҳояш ба якдигар муносибат надоранд. Ба фикри мо, дар ин маврид вазири илми Англия гуфтан лозим буд, зеро ҳарчанд ки аз асл андаке дур аст, маъниаш дурусттар аст (мисли ибораҳои «вазири фарҳанг», «вазири маориф» ва монанди инҳо).

Ба ибораҳои «комитити ҳукуматии оид ба гузаронидани ҷашни Айнӣ», «комитети байналхалқии оид ба термодинамика», «комиссияи оид ба гузаронидани тафтиш», «шартномаи оид ба манъ кардани озмоиши яроқи ядроӣ», «судяи байналхалқии оид ба шоҳмотбозӣ» ва мисли инҳо, ки хеле бисёранд, низ эрод гирифтан лозим аст. Дар ҳамаи ин мавридҳо оид ба тамоман зиёдатист, зеро ба ин мазмунҳо бегона аст. Ин маъноро бидуни он ифода кардан мумкин ва зарур аст. Чунончи, ба ин тарз: кумитаи ҳукуматии ҷашни Айнӣ, кумитаи байналхалқии термодинамика, комиссияи тафтиш, шартномаи манъи озмоиши силоҳи ҳастаӣ, довари байналхалқии шоҳмот. Ба фикри мо, ин шакли он ибораҳо на танҳо кӯтоҳтар ва равонтар, балки дурусттар аст. Зеро фикри моро аз қолаби русӣ бароварда, ба қолаби тоҷикӣ ҷо медиҳад.

Ҳатто «международный пушной аукцион» бозори байналхалқӣ оид ба фурӯши пӯст ва мӯина тарҷума шудааст. Ба ин тарҷума чанд эрод гирифтан мумкин аст. Аввал ин ки бозори оид ба на ба бел меояд, на ба каланд. Ба тоҷикӣ «бозор» бо номи чизҳои мавриди фурӯш фақат бо изофат мечаспад: бозори асп, бозори

пешина
аз 393
навбатӣ