Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

Дар бораи он воқеаҳо ҳикоя карда дод — дурусташ: — Он воқеаҳоро ҳикоя карда дод.
Шоир аз ӯ дар бораи гуноҳаш пурсид — дурусташ: Шоир аз ӯ гуноҳашро пурсид.
Худи ман дар бораи бой шудан орзу намекунам — дурусташ: Худи ман бой шуданро орзу намекунам.
Онҳо дар бораи фиреби писарак ба муаллим гуфта доданд — дурусташ: Онҳо фиреби писаракро ба муаллим гуфта доданд.
Олим дар бораи қисмати Мусо Ҷалил медонист — дурусташ: Олим қисмати Мусо Ҷалипро медонист.
Дар баъзеи ин ҷумлаҳо агар ғайр аз пуркунандаи бавосита пуркунандаи бевосита ҳам меомад, дар бораи бамаврид мебуд. Чунончӣ, ба ин тарз: Онҳо дар бораи фиреби писарак баъзе чизҳоро гуфта доданд. Ё ки: Олим дар бораи қисмати Мусо Ҷалил баъзе чизҳоро медонист.

Ин аст, ки ин феълҳо асосан пасоянди -ро мехоҳанд ва пеш аз ҳама ба пурсиши киро? чиро? посух металабанд. Ба ҷойи суоли киро? ва чиро? мумкин аст, суоли кӣ? ва чӣ? ояд, яъне -ро афтад: Дар бораи Мусо Ҷалил баъзе чизҳо медонист. Инҳо суоли асосианд ва аввало бояд ба ин суолҳо ҷавоб шавад. Фақт пас аз он мумкин аст, ки ба суолҳои дигаре ҳам ҷавоб ояд. Ва чунончӣ, ба пешоянди дар бораи низ зарурат афтад. Аз ин рӯ, масалан, ҷумлаи зерин нокис аст: «Медонам, дар чӣ бора фикр мекунӣ?» Барои ин ки ифодаи фикр мантиқан шакли дуруст гирад, аввало ба суоли чиро? ё чӣ? ҷавоб додан даркор буд: «Медонам, чӣ фикр мекунӣ». Он гоҳ мумкин буд, ки саволи дар бораи чӣ? низ илова гардад: «Медонам, дар ин бора чӣ фикр мекунӣ». Инро мантиқи сухан тақозо менамояд ва ҳар бор ки ба суолҳои асосӣ ҷавоб нагуфта, ба суоли дар бораи чӣ? ҷавоб меорем, мантиқ халал меёбад.

Дар матбуоти мо то чӣ андоза нодуруст кор фармуда шудани пешоянди дар бораи аз мисолҳои зерин ҳам маълум аст: «Хабар дар бораи қаҳрамонии нави одамони советӣ зуд ба олам паҳн шуд»; «Хабар дар бораи бадкирдории мустамликадорон ба мо расид».

Дар ин ҷумлаҳо пешоянди дар бораи ба ҷойи изофат омадааст. Барои ин ки ибора шакли дуруст гирад, «хабари қаҳрамонии мардуми шӯравӣ», «хабари бадкирдории мустамликадорон» гуфтан лозим буд, яъне ин

пешина
аз 393
навбатӣ