Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Аммо калимаи мураккаб, ҳатто калимаи серҷузъ ҳам, агар дуруст сохта шуда бошад, ба равонӣ ва табиъияти ҷумла осеб намерасонад, баръакс ба сухан матонат ва ҷиддияте мебахшад. Бо як калимаи мураккаб маънои як ибораи дароз ва ҷумлаи калонро ифода кардан мумкин аст. Бесабаб нест, ки бо инкишофи забон одатан адади калимаҳои мураккаб афзоиш меёбад. Дар шеъри Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ калимаи мураккаб кам буд, аммо баъдтар дар забони халқ ва навиштаҳои устодони сухан чунон калимаҳои мураккаби гуногунсохт ба вуҷуд омаданд, ки бо пургунҷоиш ва хушсохтӣ гоҳ моро ба ҳайрат меоранд.
Устод Айнӣ дар замони мо ба ин ганҷинаи пурсарвати калимаҳои мураккаб бисёр дурдонаҳо зам кард. Азбаски маврид намебардорад, мо аз овардани мисол худдорӣ мекунем. Лекин ба ҳар ҳол мувофиқи баҳси ин боб фақат аз «Луғати нимтафсилӣ»-и устод (Куллиёт, ҷ. 12) чанд мисолро ба аҳли қалам манзур кардан мехоҳем. Ӯ барои шарҳи баъзе калимаҳо дар ин асараш калимаҳои мураккаби аҷибе сохтааст (дил гувоҳӣ медиҳад, ки аксари ин калимаҳои мураккаб зодаи табъи худи ӯст):
Бунафша — гулест нозукнавдаи даврабарги бепоя... (бинед, ки навдааш нозуки баргаш давра нагуфтааст).
Савсан — номи гуле, ки найреша ва дарозбарг аст (боз ҳам решааш наймонанд ва баргаш дароз нагуфтааст).
Лолаи кӯҳӣ — лолаи ғафсбарги калонкоса (ин ҷо ҳам баргаш ғафси косааш калон нагуфтааст).
Лӯк — як хел шутури борикбадани дарозпоча (ин дафъа ҳам баданаш борики почааш дароз нагуфтааст).
Акнун ба ин эзоҳ диққат кунед:
Лола — гулест худрӯйи тунукбарги зуд хазоншаванда, ки тарафи думаш сиёҳ ва ҷоҳои дигараш сурх ё зард ё ба рангҳои дигар мешавад.
Чунонки мебинем, ин ҷо ҳам калимаи мураккаб, ҳам сифати феълии дорои -анда, ҳам муайянкунандаи дорои -аш — воситаҳои гуногуне истифода гардидааст. Вале воситаи асосии эзоҳ калимаи мураккаб аст, на муайянкунандаи дорои -аш. Фақат дар сурате ки калимаи мураккаб сохтан имконпазир нест, устод аз муайянкунандаи дорои -аш истифода намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё