Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Р. Ғаффоров мисоли бисёре овардааст, ки дар забони адабии имрӯза бағоят фаъол шудани қолиби фарзанди ба ҷон баробар-ро нишон медиҳад: шуарои дар шеър сеҳрсоз, воқеаҳои ба онҳо вобаста, чорбозоргарди аз ҳуқуқ маҳрум ва ҳоказо, ки аз навиштаҳои устод Айнӣ, С. Улуғзода, Р. Ҳошим, А. Мирзоев гирифта шудаанд. Ҷолиби диққат аст, ки Р. Ғаффоров ҳатто аз «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ ҷумлае мисол овардааст, ки ба чунин қолиб ибора дорад. Он ҷумла ин аст: «Афшана шаҳристоне бузург дорад ва ҳисоре устувор, навоҳии ба вай мансуб». Вале ба назари мо, ин мисол чандон эътимодбахш нест, чаро ки онро ба дигар тарз хондан ва навиштан ҳам мумкин аст. Масалан, ба ин тарз: «Афшана шаҳристоне бузург дорад ва ҳисоре устувор, навоҳие ба вай мансуб (аст)». Агар чунин хондани он ҷумла низ ҷоиз бошад, ҷузъи охири он ибора не, балки ҷумлае хоҳад буд, ки аз хабараш аст афтодааст ва ин «аст»-ро бояд фикран аз худ илова кунем: навоҳие ба вай мансуб аст. Дар ин сурат он ҷумлаи «Таърихи Наршахӣ» далели матлаб шуда наметавонад.
Бо вуҷуди ин мо ҳаргиз гуфтанӣ нестем, ки қолиби фарзанди ба ҷон баробар дар адабиёти классикӣ мавҷуд набуд. Дар боло аз Ҷомӣ ду байт овардем, ки ҳарду ҳам дар ин қолиб ибора доранд.
Ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки дар замони мо фаъол шудани қолиби фарзанди ба ҷон баробар ҳодисаи мусбатест, зеро имкониятҳои забонро афзун хоҳад кард. Дар масъалаи ин, ки гоҳ чунин ибораҳо бо мақсади таъкид бо пешоянд тартиб дода мешаванд, низ ба фикри мо, ҳақ ба ҷониби Р. Ғаффоров аст. Ӯ аз устод Айнӣ ибораи шахси ба худ наздик-ро мисол оварда (дар ҷумлаи «оммаи ҳар як халқ, ҳар мамлакат ӯро — Саъдиро, М. Ш. — як шахси ба худ бисёр наздик дониста мехонад»), гӯшзад кардааст, ки инро бе пешоянд тартиб додан, яъне шахси наздики худ гуфтан ҳам мумкин буд, вале устод маҳз бо ибораи пешоянднок адо шудани матлабро беҳтар ҳисобидааст.
Ин андеша Р. Ғаффоровро ба чунин хулоса овардааст: «Мо чунин мешуморем, ки талаби дар шакли ибораҳои изофӣ ба кор бурдани ибораҳои ҳамсояи ба мо дӯст, ёрони ба ҷон баробар ва ғайра як навъ маҳдуд кардани забон аст. Модоме ки ин хели ибораҳо аз қадимулайём дар забон буда, имрӯз ҳам дар навиштаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё