Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

Ибораҳои ҳамсояи ба мо дӯст, мамлакати ба мо дӯст, халқи ба мо ҳамсоя, ки ҳоло дар матбуот дида мешаванд, ба ақидаи мо, чандон дуруст нестанд. Ин мазмун дар забони тоҷикӣ одатан дигар хел ифода мешавад.

Ягон тоҷик нагуфтааст, ки «ин кас одами ба ман дӯст аст» ё «ин кас одами ба ман душман аст». Дар ин маврид ба тоҷикӣ ин тавр мегӯянд: «Ин кас дӯсти ман аст» ё «ин кас душмани ман аст» ва ё «ин кас ба ман дӯст аст». Дар забони тоҷикӣ ин гуна ҷумлаҳо хеле бисёранд. Масалан, мегӯем: «Ин кас хеши наздики ман аст»; «Фалонӣ ҳамсояи наздики ман аст».

Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки ҳоло ходимони матбуоти мо қолиби хуби тоҷикиро монда қолиби русиро гирифтаанд ва ин гуна мазмунҳоро бо пешоянд ифода мекардагӣ шудаанд. Чунончи, аҳли матбуот «хеши наздики ман»-ро хеши ба ман наздик мегӯянд, «ҳамсояи наздики мо»-ро ҳамсояи ба мо наздик мегӯянд. Дар натиҷа он ибораҳои «ҳамсояи ба мо дӯст», «мамлакати ба мо ҳамсоя» ва ғайра низ пайдо шудаанд.

Мо ақида дорем, ки ин гуна ибораҳо бояд бидуни пешоянд ва бо изофат, масалан, ба тариқи зерин тартиб дода шаванд: «ҳамсояи дӯсти мо» (ё ҳамсояи дӯсти мо), «халқи ҳамсояи мо», «Афғонистони ҳамсоя» (ё «ҳамсояи мо — Афғонистон»), «Ҳиндустони дӯсти мо», «мамлакати дӯсти мо — Ҳиндустон» ва ғайра.

Боз як гурӯҳ ибораҳое ҳастанд, ки метавон гуфт, аз қабили «ҳамсояи ба мо дӯст» мебошанд.

Ба ин гурӯҳ чунин ибораҳоро нисбат додан мумкин аст: стансияи электрикии дар дунё калонтарин, санъати дар ҷаҳон пешқадамтарин, водопроводи дар ҷазира нахустин ва ғайраҳо.

Ба фаҳмиши мо, ин ибораҳо аз ҷиҳати сохт вайронанд ва барои ин, ки онҳо шакли дуруст гиранд, пешояндро тарк карда, сифатро дар аввал гузоштан лозим аст, масалан, ба ин тарз: калонтарин нерӯгоҳи барқи дунё, пешқадамтарин санъати ҷаҳон, нахустин лӯлаоби ҷазира. Агар ин ибораҳоро ба ҷумла дарорем, тахминан ин ҷумлаҳо ҳосил мешавад: «ГЭС-и Норак калонтарин нерӯгоҳи барқи Осиёи Миёна аст»; «Нахустин лӯлаоби ин ҷазира ба истифода дода шуд» ва хоказо.

пешина
аз 393
навбатӣ