Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
забон ба роҳи «синфият» ва «халқият» даромад. Аз «халқияти забон» танҳо сухани омиёна ва одигӯии кӯчаву бозорро дар назар доштанд ва забони адабии ҳазор солро, ки тавоно ва зебову шево буд, забони синфҳои ҳукмрон ва аъёну ашроф дониста, моҳиятан аз он рӯ гардонданд. Агарчи устод Айнӣ ба пархош миён баста эълом кард, ки «тоҷикон забони адабии ҳазорсола доранд» ва устод Лоҳутӣ хеле кӯшид, ки адабиёти шӯравии тоҷикӣ, минҷумла шеър аз адабиёти классикӣ ва «техникаи» сухани классикона дур нашавад, забони адабиёт бо кӯшиши як идда «муҳаррирони сиёсӣ» ва сиёсатгузорони ҳизбӣ ба роҳи одигароии маҳз даромад.
Аз даҳаи бисти садаи бист, ба вежа дар даҳаҳои сӣ, чиҳил ва панҷоҳ дар забон бештар ду раванди хонабарандоз, ки яке одиписандии омиёна ва дигаре тарҷумазадагӣ буд, амал кард. Аз як сӯ забони матбуоту нашриёт аз андӯхтаҳои волои забони классикиву халқӣ дур ва нотавон мешуд, аз сӯйи дигар фишори сахти забони русӣ (ки забони қавиву ғанӣ ва бузург, забони ҳукмрон дар саросари кишвари шӯравӣ буд) қувват меёфт. Дар натиҷа ҳама одигӯён ба дарди тарҷумазадагӣ гирифтор шуданд.
Забон ба майдони муборизаи иҷтимоиву синфӣ кашида шуд, масъалаи забон ба куллӣ ранги сиёсӣ гирифт. Манъи хати арабиасоси ниёгон ва гузаштан ба хати лотинӣ (1929), ба вежа пазируфта шудани хатти кириллии русӣ (1940) боиси дур афтодани миллат аз гузаштаи таърихӣ ва ҳувияти фарҳангии худ гардида, нуфузи забони русиро дар Тоҷикистон густариш дод. Калимаҳои сершумори русӣ, инчунин юнониву лотинӣ ва ғайра, ки низ аз русӣ ба тоҷикӣ меомаданд, ба такозои сиёсат бидуни дигаргуние айнан ба тарзи русӣ қабул шуданд, баъзе қоидаҳои забони русӣ ва имлои онро ба забони тоҷикӣ оварданд ва хусусиятҳои забони русӣ забони тоҷикиро аз дарун вайрон кардан гирифтанд.
Ба такозои сиёсат дар тарҷума, ба вежа дар тарҷумаи матнҳои сиёсӣ баргардони ҳарф ба ҳарф расм шуд.
Солҳои сӣ чун тарҷумаи китоби Сталин «Масъалаҳои ленинизм» оғоз ёфт, аз Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон фармоиш шуд, ки тарҷума бояд бисёр тоҷикӣ нашавад, бо баҳонаи тарҷумаи хуб кардан набояд аз матни аслӣ дур рафт. Ин фармоиш, албатта, иҷро гардид. Дар даҳаи шасту ҳафтод бештар аз сӣ ҷилд осори Ленин ба тоҷикӣ чоп шуд ва агарчи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё