Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Нодурустии ин ибора аз он ҷост, ки маънои худи «муҳит» иҳотакунанда мебошад (ниг.: «Фарҳанги забони тоҷикӣ»: муҳит — иҳотакунанда, гирд печондагиранда). Пас муҳити иҳотакарда низ монанди вусъати васеъ аст. Аз ин рӯ, ба ҷойи муҳити иҳотакарда худи «муҳит»-ро кор фармудан лозим аст.

Дар ибораи муносибат нисбат ба... низ ҳашв ҳаст.
«Муносибат» ва «нисбат» аз як решаанд. Худи «муносибат» маънои «нисбат»-ро дар бар дорад. Пас ҳар дуи онҳоро як ҷо овардан нағз нест. Чунончи, дар ин ҷумлаҳо:

Ин хел муносибат нисбат ба табиат ҷоиз нест.
Ӯ муносибати худро нисбат ба ман маълум накард.
Вай нисбат ба ман муносибати бад дошт.
Муносибати истисморгарон нисбат ба истисморшавандагон ошкор гардид.

Дар ҳамаи чунин ҷумлаҳо модоме ки муносибат зикр шуд, нисбат бояд фурӯгузор гардад. Чунончи, ба ин тарз:

Ин хел муносибат ба табиат ҷоиз нест.
Ӯ муносибатеро, ки ба ман дорад, маълум накард.
Вай ба ман муносибати бад дошт.
Муносибате, ки истисморгарон ба истисморшавандагон доранд, ошкор гардид.

Дар забони халқии тоҷикӣ иборае ҳаст, ки мегӯянд:
«гӯшти лаҳм харидем». Ин ҷо гӯшти лаҳм ба маънои гӯшти беустухон омадааст. Ва ҳол он ки дар асл «лаҳм»
гӯшт ва гӯшти беустухон гуфтан аст, яъне «гӯшт» ва «лаҳм» ҳарду ба як маънист. Бо вуҷуди ин халқ ин ду калимаро ба якдигар бо изофат баста, якеро исм ва дигареро сифат қарор додааст.

Пас, мумкин аст, ки вусъати васеъ, аҳамияти муҳим ва суръати тез ҳам аз қабили гӯшти лаҳм аст ва дар забон ҳуқуқи комил дорад? Ба фикри мо, ин тавр нест. Гӯшти лаҳм ибораест, ки дар натиҷаи тағйир ёфтани маънои калимаи «лаҳм» пайдо шудааст. Аммо ибораҳои «вусъати васеъ», «аҳамияти муҳим» ва «суръати тез» аз саҳви қалами баъзе зиёиёни имрӯза ҳосил гардидааст ва интишори онро пешгирӣ кардан лозим аст.

Аксари вақтҳо ҷумлаҳое мехонем ва мешунавем, ки
ба мисли ҷумлаҳои зеринанд: «Дар бораи комёбиҳои
дар давоми солҳои гузашта ба даст омада гап зад»;
«Муваффақиятҳои ба даст овардашуда мустаҳкам карда

пешина
аз 393
навбатӣ