Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
вале агар ба муҳокимаи умум гузошта шавад, бешубҳа, ёфтани роҳи ҳалли масъала осонтар хоҳад шуд.
Бо ин мулоҳиза муаллифи ин сатрҳо аз садҳо мисоле, ки дар даст дорад, чандеро ба муҳокимаи рафиқон гузоштан мехоҳад. Қайдҳои мо асосан ба баъзе калимаю ибораҳо, баъзе навъҳои калимасозӣ ва иборабандӣ, ки ҳоло расм шудааст, инчунин ба баъзе шаклҳои ҷумла дахл дорад. Ҳамаи мисолҳое, ки мо дар поён меорем, асосан аз рӯзномаву маҷалла ва радиову телевизион, қисман аз китобҳои тарҷума, асарҳои олимону олимшавандаҳо ва нависандагон (гоҳ аз нависандагони намоён) гирифта шудаанд. Мисолҳои мо ҳамеша айнан ва гоҳо бо ихтисори баъзе аъзоҳои ҷумла оварда мешавад. Ба мулоҳизаи ин, ки навиштаи мо аз ҳад зиёд кашол наёбад, аз кадом китоб, аз кадом рӯзнома ва шумораи кадомрӯзаи он, аз барномаи кадомрӯзаи радио ва телевизион гирифта шудани мисолҳоро нишон нахоҳем дод.
Ҳаминро ҳам қайд кардан лозим аст, ки мо танҳо дар бораи он калимаю ибора ва калимасозию иборабандиҳо, ки дар матбуоти мо хеле бисёр дида мешаванд, яъне як андоза ранги умумӣ гирифтаанд, гап мезанем, аммо аз он чизҳое, ки камтар ё тасодуфан дучор меоранд, сарфи назар мекунем.
Таҳрири якуми китобчаи «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» соли 1964 ба охир расида, соли 1965 дар «Садои Шарқ» чоп шуда буд. Он гоҳ дар ин китоб маводи дар муддати зиёда аз даҳ сол гирд омада истифода гардида буд. Гирдоварии мавод баъд аз ин ҳам бо суръат давом кард. Маводи бист сол имкон дод, ки дар таҳрири дувуми китоб (1985) баррасии баъзе аз масъалаҳо тафсил дода ва барои шарҳу басти чанде аз онҳо далелу бурҳони наве оварда шавад, бархе масъалаҳои тоза ба диққати эҳтиёҷмандон ва ба муҳокимаи мутахассисон пешкаш гардад.
Маводи фаровони нав заминае тайёр кард, ки
ҳама фикру ақидаҳои худро дубора, балки чандбора аз
нав бисанҷем. Дар натиҷа дар баъзе масъалаҳо фикри
мо андак дигар шуд ё тамоман тағйир ёфт, дар бархе
мавридҳо беш аз пеш устувор гардид. Хусусан дар ин
бора пурзӯртар бовар ҳосил кардем, ки ҳарчи марҷ ва
бенизовиву худсарӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ
бисёр аст, қисме аз аҳли матбуоту нашриёт, кормандони телевизиону радио ва соҳаҳои гуногуни илм, баъзе
20

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё