Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
бо сифат ифода шавад. Дар натиҷа дар ибора мантиқи муносибату робита халал мебинад, табиати ифода аз байн меравад. Ин, ба назари мо, аз нуқсони тафаккур гувоҳӣ медиҳад, натиҷаи аз низоми табиӣ маҳрум шудани фикр аст.
Ниҳоят, боз дар бораи як навъи ибораҳое, ки одатан бо -ӣ сохта мешаванд, ақида изҳор кардан мехоҳем.
Дар матбуот ва радиову телевизион ҷумлаҳое аз қабили ҷумлаҳои зерин бисёр дучор меоянд: «Онҳо аз 200 гектар 25-сентнерӣ ҳосил рӯёнданд»; «Фалониҳо ҳар кадом 80-килогӣ пахта чиданд»; «Онҳо аз ҳар гектари 10 гектар 39-сентнерӣ пахта супурданд» ва монандӣ инҳо.
Ба фикри мо, чунин ҷумлаҳо ду гурӯҳанд ва дар як гурӯҳи онҳо -ӣ даркор аст, дар гурӯҳи дигар лозим нест.
Дар он маврид, ки дар ҷумла калимаи ҳар зикр шудааст, -ӣ зиёдатист. «Аз ҳар гектар 39 сентнер пахта супурданд» гӯем, матлаб пурра ифода мешавад ва ҳоҷат ба -ӣ намемонад. Ин ҷо вазифаеро, ки -ӣ бояд иҷро кунад, ҳар адо намудааст. Ҳар иштироккунандагони амалро аз ҳам ҷудо карда, рақамеро, ки баъд аз ин омадааст, ба ҳар кадомашон алоҳида-алоҳида нисбат медиҳад. Чун «Ҳар кадом 80 кило пахта чиданд» мегӯем, яъне -ӣ (-гӣ)-ро фурӯгузор мекунем, дар ин сурат ҳам тамоман равшан аст, ки рақами 80 ба ҳар кас ҷудо-ҷудо дахл дорад.
Ба ҳамин ваҷҳ, ба ақидаи мо, дар ҷумлаҳои зерин ҳам -ӣ барзиёд омадааст;
«Мо ҳар рӯз 150-200-килогӣ пахта мечинем».
«Онҳо ваъда доданд, ки ҳосилнокии ҳар гектарро ба 35-сентнерӣ мерасонанд».
«Онҳо плаани ҳаррӯзаро 2-фоизӣ иҷро карда истодаанд».
«Он қадар пахта чиданд, ки ба ҳар кадомашон 50-килой рост меояд». Ва хоказо.
Аз ҳамаи чунин ҷумлаҳо -ӣ-ро партофтан беҳтар аст. Он гоҳ сентнер ва кило бояд аз рақам ҷудо навишта шавад, яъне байни рақам ва ин калимаҳо дефис гузоштан лозим нест.
Гурӯҳи дувуми ин қабил ҷумлаҳо он аст, ки дар онҳо ҳар зикр нашудааст ва аз ин сабаб -ӣ зарур аст.
Инро аз ҷумлаи якум, ки дар боло мисол овардем, метавон фаҳмид. Ба ҷойи «Онҳо аз 200 гектар 25-сентнерӣ ҳосил рӯёнданд» агар гӯем, ки «Онҳо аз 200 гектар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё