Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

ду маънои калимаи русии «примерный»-ро ба назар нагирифтаанд. Номи нодурусти плани намунавӣ ва нақшаи намунавӣ аз ҳамин бедиққатӣ пайдо шудааст.

Дар баъзе мавридҳои дигар ҳам як сабаби бисёр истифода шудани -й-ҳои зиёдатӣ ва нодаркор ҳамин бедиққатӣ ва тарҷумаи ҳарф ба ҳарф мебошад. Боз ҳам айбдори асосӣ тарҷумонҳо ва тақлидкорони онҳоянд. Аксари тарҷумонҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳамаи сифатҳои русиро ба тоҷикӣ ҳам бо сифат ифода намоянд. Онҳо агар дар матни русӣ ибораҳои школьная жизнь, драматический театр, атомное ядро ва амсоли инро бинанд, албатта, ҳаёти мактабӣ, театри драмавӣ ва ядрои атомӣ тарҷума мекунанд. Ва ҳол он ки дар забони тоҷикӣ агар нисбатро ифода кардан лозим бошад, чунонки зикраш гузашт, ҷузъи дувуми ибораи изофиро на ба шакли сифат, балки ба шакли исм ифода кардан беҳтар ва дурусттар аст. Пас ҳаёти мактаб ва ҳастаи атом гуфтан лозим меояд.

Ба ин муносибат бояд гӯем, ки ба шакли Театри Давлатии академикӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ зикр шудани номи як театри машҳури мо чандон дуруст нест. Ба ин ном чанд эрод ҳаст. Аввалан ба калимаи академикӣ эрод гирифтан даркор аст. Академикӣ сифати академик аст, яъне чун театри академикӣ мегӯем, ин театри мо ба кадом як академик нисбат пайдо мекунад. Ва ҳол он ки номи ҳамаи чунин театрҳо аз калимаи академия гирифта шудааст ва агар аз исми академия сифат сохтанӣ шавем, бояд пасванди он —ия-ро фурӯ гузорем ва ба ҷояш пасванди тоҷикии -й-ро илова намоем. Он гоҳ калимаи академӣ ба миён меояд. Яъне театри академӣ гуфтан лозим аст.

Сониян, калимаи «драма» ба ин ном бояд чун сифат не, балки чун исм дохил шавад, зеро нисбати «драма» ба «театр» нисбати сифатӣ нест. Инро аз номи театри опера ва балет пай бурдан мумкин аст: онро ба ҳеҷ ваҷҳ театри операвӣ ва балетӣ наметавонем гӯем. Аз ин рӯ, театрҳои дигар ҳам бояд театри драма, театри комедия, театри драмаи мусиқавӣ ва ғайра номида шаванд.

Пас номи пурраи театри Лоҳутӣ чунин мешавад: Театри давлатии академии драма ё Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ ва ё ки Театри давлатии академии драмаи Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ.

Акнун боз меоем ба сари он калимаҳое, ки ба онҳо

пешина
аз 393
навбатӣ