Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

субъекти номбурда ё номнобурда дахл дошта бошанд, бояд бо -омез сохта шаванд.

Калимаҳое ҳастанд, ки фақат бо -омез сохта мешаванд. Агар хато накунем, метавон гуфт, ки ин калимаҳо аз ҳамин кабиланд: муболиғаомез, рангомез, писхандомез, маслиҳатомез, пандомез (инчунин пандомӯз), хазломез, кинояомез, гилаомез, асроромез.

Баъзеи ин калимаҳо чанд шакл доранд, бо асоси чанд феъл сохта мешаванд: ибратомуз, ибратомез, ибратнамо, ибратнок, ибратангез, ибратовар, ибратгир, ибратпазир. Аз инҳо дар шаш калимаи аввал ибрат омил ва иҷрокунандаи таъсир будани шахс ё чизеро мефаҳмонад, аммо ду калимаи охир — ибратгир ва ибратпазир ба чизе ё касе, ки ин таъсирро қабул мекунад, нисбат дорад. Мавриди истифодаи ин ду гурӯҳ ҳам аз ҳамин ҷо муайян мешавад.

Мутаассифона, дар навиштаҳои имрӯза аз инҳо асосан ибратбахш ва ибратангез истифода мегардаду бас. Дигар калимаҳое, ки аз ибрат сохта шудаанд, аз назарҳо афтодаанд. Ва ҳол он ки барои рангомезии сухан ҳар кадоми онҳо сазовори диққатанд.

Дар охир бояд гуфт, ки баъзе калимаҳоеро, ки имрӯз бо -ангез месозанд, на фақат бо асоси дигар феъле, балки, масалан, бо исме ҳам сохтан мумкин аст. Ба назари мо, дар ин ҷумла сехрангез аз ҳамин қабил аст:

«Эҷодиёти сехрангези ин нависанда маро мафтун кард».

Ин ҷо сехрангез ба вуҷуд орандаи сеҳр аст, яъне гуэҷодиёти нависанда дар дили хонанда сеҳре эҷод мекунад. Ва ҳол он ки асли мақсад ин набуд. Дар асл муаллиф мехост гӯяд, ки эҷодиёти нависанда монандӣ сеҳр амал мекунад. Пас, ба фикри мо, на сехрангез, балки, масалан, сеҳркор гуфтан даркор буд. Агар гуфта мешуд, ки «Эҷодиёти сеҳркори ин нависанда маро мафтун кард», ин гап чунин маъно медошт, ки эҷодиёт дар дилҳо монандӣ сеҳре кор мекунад ва бино бар ин мафтун кард. Он гоҳ матлаб дуруст ифода мегардид.

Ба ин муносибат ҳаминро ҳам гуфтан лозим аст, ки истилоҳи волшебная сказка ба тоҷикӣ афсонаи сеҳрангез тарҷума шудааст. Ва ҳол он ки худи афсона сеҳре эҷод намекунад, балки дорои унсурҳои сеҳру ҷодуст ва тасвири сеҳру ҷодуро дар худ дорад. Пас онро афсонаи сеҳромез гуфтан лозим меояд, на сеҳрангез.

пешина
аз 393
навбатӣ