Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
ноҷавонмардон аз пайи дастгир кардани ман ҳастанд, аз ин рӯ ёрои берун баромадан накардам.
– Мӯнис, – сардор аз ҳад зиёд қаҳр карда буд, – ман туро дигар ин ҷо нигоҳ доштанӣ нестам. Ягона некие, ки метавонам, “бо хоҳиши худат” гуселонидан аст.
Нахостам, ки худро паст занам, ҳарчанд аз кор рафтан маънои гурусна монданро дошт. Дар ин айём чӣ миқдор мардуме, ки бекору сарсону нимгуруснаанд.
Бо дастони ларзон ариза навиштам. Ва пас аз лаҳзае дафтарчаи меҳнатиам дар дастам буд.
Азизи ман, агар ту медонистӣ, ки ҳамон вақт чӣ қадар дилам торик буд... Дасту поям аз замину осмон канда, ноумеду ноилоҷ. Ман аҳд кардам ба истгоҳ бароям ва агар он хориҷӣ шери жаён бошад, ки ба ӯ дарафтам ва алами хеш бистонам. Аҳ номард! Дидӣ, ки бо зӯрӣ натавонистӣ, бо чарбзабонӣ ба мақсад расиданӣ ҳастӣ. Хоб мебинӣ!
Истгоҳ мисли он шаб даҳшатангез набуд. Чор-панҷ одам дар интизори мошин буданд. Ман ноаён ба атроф чашм андохтам. Гумонам, аз паси дарахти бузурги кастона ҷавони ҷинспӯше аз паси айнаки сиёҳ назорамам месозад ва ҳамин дам чун саги ҳапгир пахшам мекунад. Вале пушти дарахт касе набуд. Рӯи харак як кампираку ҷавони сафедчеҳрае сӯҳбат доштанд. Ҳамин ки наздик омадам, он ҷавон, мазмун писари пиразан буд, аз ҷой хест.
– Марҳамат, шинед.
Ташаккур гуфта нишастам ва ба ҷавони “хориҷӣ” дар дил суханҳои тезу тунд тайёр мекардам.
Автобусе ба истгоҳ расид ва гурӯҳе баромаданду гурӯҳе фаромаданд. Кампир рафту ҷавон монд.
– Мӯнис... – ӯ дар шафатам ҷой гирифт.
Ман ӯро ҳеҷ гоҳ надида будам ва зоҳиран аз ҷавонони таҳҷоӣ фарқе надошт.
Назди вай лол мондам, охир суханони талхи ман на ба ӯ, балки ба яке аз он дарандасиратон, ки он шаб чун шер ба охубарае дарафтода буд, боистӣ нигаронида мешуд. Ин ҷавон ба ягон нафари онҳо шабоҳат надошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё