Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
— Аз боло мерасад. Аз марг гурехта намешавад. Ачал ҳамеша миёни чашму абруст. Бехабар мемонӣ, ки панҷа ба гулӯят задааст.
— Дурӯғ! Аввал гуфтед, ки ачал аз боло меояд. Боз мегӯед, ки вай миёни чашму абрӯ меистад. Ман доимо ҷавон будан мехоҳам!
— Илоҳо, ҳазорсола шавӣ, бачам.
— Ҳазор сол ҷавон будан мехоҳам!
— Ба муродат расӣ, бачам.
Дар назари Нордона марг деви сиёҳро мемонад, ки бо панҷаҳои пашмини ноҳундарозаш аз гулӯи одам ҷонашро кашида мебарорад. Духтарча сахт метарсад. Аммо ваҳмашро нишон додан нахоста, боз ба модаркалон савол мекард.
— Бибиҷон, одам мурад, боз зинда мешавад?
— Э, кош мурда як бори дигар зинда мешуд, он гоҳ холаи ҷавонмаргат бозмегашт. Бо додари аскарам дидор ба қиёмат намемондем.
— Мешавад ё не?
— Чӣ мешавад ё не?
— Мепурсам, ки одам мурад, боз зинда мешавад?
— Не. Саволҳои бемаънӣ нате. Рав, бозӣ кун.
— Барои чӣ одамо дар кино мемуранду боз дар кинои дигар мебинӣ, ки зинда га-а-аштаанд?
— Онҳо ба ростӣ намемиранд. Ҳамту дурӯғакӣ бозӣ мекунанд.
— Худатон, бо ачал бозӣ карда намешавад, мегӯед — ку...
— Уфф...
— Яъне бозӣ карда мешавад?
— Хайр, гуфтӣ ту шавад, баъзан дар саҳнаҳои бозӣ дурӯғакӣ мурдан мумкин.
— Набошад, ман ҳозир шуморо мепаронам, шумо як бор муред.
— Духтар ҳам одама мепаронад?
— Агар писаракон кам бошанд, дар ҷангбозӣ духтаронро ҳам шарик мегиранд.
Духтарча оташгиракро гирифта, сӯйи модаркалон рост мекунад ва та-та-та-та — гӯён “тир” мепаронад. Кампир кӯдаквор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё