ДУ РОҲКОРИ РУШДИ МИЛЛӢ (МАҶМУАИ МАҚОЛАҲО)

МЕҲР СОБИРИЁН Китоб фарогири бахше аз мақолаҳои муаллиф, ки тайи солҳои охир дар як қатор маҷаллаву рӯзномаҳои дохилӣ мунташир шудаанд, мебошад. Дар маҷмуаи мазкур масъалаҳои худшиносии миллӣ ва рушди иқтисодӣ матраҳ гардидаанд. Маҷмуа аз ҷониби Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 40- солагии муаллиф ба чоп тавсия шудааст.
зеҳни сунъӣ · 26 октябри 2024 · 21 саҳифа
Ҳангоме ки императори 16 сола дар соли 1868 қудратро ба дасти худ гирифт, Ҷопон як кишвари феодалӣ ва кишоварзии ақибмондае, буд, ки зери фишори абарқудратҳои давр қисме аз мухторияти худро аз даст дода буд. Аз ҷумла тарифҳои гумрукиашро хориҷиён муайян мекарданд ва додгоҳ наметавонист ҷинояткорони аҷнабиро ба ҷавобгарӣ кашад. Императори ҷавон бо ҳалқаи мушовирони ватандӯсташ бо ҳадафи баровардани Ҷопон аз ин вазъияти нангин ва баробар кардани кишвар бо абарқудратҳо ба фаъолият оғоз кард. Аз худ кардани дониш ва технологияи Аврупо, маорифи ҳатмии саросарӣ, низоми бонкдорӣ ва андозбандии нав, сохтори нави низомӣ ва иштирок дар тасмимгириҳо дар масъалаҳои умумиҷаҳонӣ аз аҳдофи аслии ҳукумати нав ба ҳисоб мерафт. Азхудгузаштагии император ва дар маҷмуъ ҳама мушовирон, низомиён, кишоварзон ва умуман аксари мардуми Ҷопон баҳри сохтани кишвари бузург омили аслӣ ва ҳалкунандае буд, ки кафолати расидан ба ин ҳадафҳоро медод.
“Собиқ самурайҳое, ки дар ҳукумати нав фаъолият мекарданд, ба роҳ мондани ҳукумати конститутсиониро барои расидан ба ин аҳдоф бисёр зарурӣ мешумориданд. Агар Ҷопон мехоҳад ба таври кофӣ кишвари қавӣ ва сарватманд бошад, ки тавонад бо абарқудратҳои Ғарб рақобат кунад, ҳатман бояд ба ҳамин роҳ равад. Ҳамин буд, ки онҳо ҳама қувваи худро барои сохтани чунин давлат сафарбар карда буданд”.
Аз рӯзи аввали ташкили Ҳукумати Мейҷӣ императори ҷавон ба мушовирони таҷаддудгарои худ озодии васеи фаъолият дод. Таҳти раҳбарии ин мушовирони ватандӯст ва хирадпеша, олимон ва сиёсатмадорони ҷавон ба кишварҳои Ғарб барои омӯзиши низоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ин қитъаи пешрафта равон карда мешуданд. Онҳо дар навбати худ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медоданд, то ҳарчӣ Ғарб медонад, бидонанд ва онро баргашта дар ватани худ амалӣ кунанд. Ҳукумати Мейҷӣ дар навбати худ ҳар як пешниҳод ё ташаббуси онҳоро дастгирӣ карда, амалӣ мекард. “Император 6 апрели соли 1868 “Савганди маншур”-и худро нашр кард, ки дар он ба мардум ваъда медод, анҷуманҳо барои муҳокимаи ҳамаи масъалаҳои умумидавлатӣ ташкил карда мешаванд ва расму оини зиёновар ва пусидаи феодалии гузашта мамнуъ хоҳад шуд”[2].
Албатта, дар ин миён норозиёни суннатгаро ҳам буданд, ки барои ислоҳоти куллӣ монеа эҷод мекарданд. Аз як ҷониб қисме аз самурайҳо омода набуданд аз баҳри манфиатҳои худ гузаранд ва манфиатҳои ватану обрӯйи миллати хешро дар мадди аввал гузоранд. Аз ҷониби дигар мардуми оддӣ ҳам то дараҷае суннатгаро буд ва намехост фарзандони худро ба мактабҳои нав равон кунад. Онҳо фикр мекарданд дар ин мактабҳои нав, ки сохти аврупоӣ доштанд, фарзандонашон беҳувийят мегарданд ва гузашта аз ин онҳо фарзандонашонро дар корҳои хоҷагӣ истифода мебурданд ва намехостанд аз ин қувваи корӣ маҳрум шаванд. Аммо ҳукумати нав дар роҳи ислоҳоти куллӣ ҷиддӣ буд. Ҳамин тариқ, самурайҳои норозиро, ки дар соли 1877 даври ҳам омада исён карданд, шикаст дод ва ин монеаро бартараф кард. Маорифи сартосариро маҷбуран ба роҳ монд ва мардум аз ҷумла кишоварзон, ки аксарият буданд маҷбур буданд фарзандонашонро ба мактабҳо фиристанд.
Ислоҳоти сиёсӣ ва идорие, ки дар ин давра анҷом дода шуд муваффақона ва заминасози рушди иқтисодиву фарҳангии минбаъдаи Ҷопон буд. Таҷрибаи Аврупоро омӯхта, ҷопониҳо дар соли 1889 сарқонуни худро қабул карданд ва Ҷопонро ба давлати парлумонӣ табдил доданд. Нақши император дар он рамзӣ шуд, ки то кунун ҳамчунон боқӣ мондааст. Албатта таҷрибаи супоридани ҳукумати иҷроия ба дигар қувваҳо дар низоми шоҳигарии Ҷопон вуҷуд дошт ва ин нав набуд. Аммо омодагии императори ҷавон барои ислоҳоти куллие, ки оқибат қудрати воқеиро бо ихтиёри худ ба дасти дигарон (парлумон) медиҳад, падидаи нодирест дар кишварҳои Шарқ. Шоҳи Чин, ҳамсояи наздики онҳо, чунин омодагиро надошт. Дар он шабу рӯз ӯ ба бозичаи дасти манфиатҷӯёни дарборӣ табдил ёфта, рӯз то рӯз кишвараш пора шудан мегирифт, аммо Ҷопон бо саривақт ислоҳот гузаронидан аз кишвари ақибмонда ба кишвари бузурги колониалӣ табдил ёфт. Камбудӣ дар он буд, ки дар ин сол танҳо як дарсади сарватманди аҳолӣ ҳуқуқи овоздиҳиро дошт, баъдан дар соли 1925 ҳама мардон ин ҳуқуқро ба даст оварданд. Ба занҳо дар соли 1945 ҳуқуқи овоздиҳӣ дода шуд.
“Сарқонуни 1889 кори дасти Ито Ҳиробумӣ буд, ки дар Аврупо таҳсил карда буд”[2]. қишри зиёӣ ва гурӯҳҳои сиёсӣ аз аввал талаби ҳарчӣ зудтар ҷорӣ кардани сарқонуни навро мекарданд. Вале раҳбарон шитоб намекарданд ва бар ин андеша буданд, ки нахуст бояд аҳолӣ омода бошад ва баъдан интихоб сари низоми демократияи Бритониёӣ ва монархияи конститутсионии Олмон осон набуд. Зиёиён ва сиёсатмадорони прогрессив ҷонибдори низоми Британия буданд, вале ҳукумат модели Олмониро мехост. “Онҳо бар ин буданд, ки озодиҳои зиёд додан ба мардуме, ки омода нест, боиси хушунат ва бесарусомониҳо мегардад”[3]. Онҳо инқилоби Фаронсаро барои ин иддаояшон мисол меоварданд. “Омура Масаҷиро - сардори Департаменти ҷанг дар он замон бар ин бовар буд, ки ҳукумат пеш аз ҳама бояд тартиботи дохилиро таъмин кунад ва вақте ин ба даст омад қудратҳои Ғарб маҷбур мешаванд Ҷопонро ҳамчун қудрат бишносанд ва ҳамин тариқ шартномаҳои таҳқиромез ва нобаробари худро бо Ҷопон бознигарӣ кунанд”[2]. Равшанфикрони ҷопонии он давра ислоҳоти фикрии ҷомеаи худро аз ҳама муҳимтар мешумориданд. Нахуст тафаккури аҳолиро ислоҳ бояд кард ва баъдан ислоҳоти дигар имконпазир хоҳад шуд. Ин назарҳои онҳо ҳоло ҳам куҳна нашудаанд ва ҳоло ҳам барои кишварҳои рӯ ба инкишоф муҳиманд.
Рушди илму маориф ва аз худ кардани технологияҳои Ғарб
“Ҳукумати Мейҷӣ низоми маорифи худро аввал дар асоси низоми маорифи Фаронса ва баъдтар дар асоси низоми маорифи Олмон ба роҳ монд. Дар миёни ислоҳотҳои онҳо аз ҳама назаррас ва давомнок ба роҳ мондани маорифи ҳатмӣ буд”[2]. Дар раванди омӯзиши наврасон ва ҷавонон донишомӯзони болаёқат муайян карда шуда, ҳавасманд карда мешуданд ва аз донишу маҳорати онҳо дар раванди ислоҳотгузаронӣ истифодаи зиёд мешуд. Дар воқеъ муваффақияти Ҷопон бештар натиҷаи тақвияти зеҳнии аҳолияш буд, ки ҳукумати Мейҷӣ аз аввали мавҷудияти худ, новобаста аз монеаҳои молиявӣ низоми маорифи ҳатмиро ҷорӣ карда буд.
Барои бо суръати баланд боло бурдани дониши аҳолӣ ва аз худ кардани технологияҳои пешрафтаи Ғарб ҳукумати Мейҷӣ аз кишварҳои хориҷӣ мутахассисони барҷастаро бар ивази маоши баланд барои мушовирӣ дар вазоратҳо ва омӯзондани донишҷӯён даъват кард. Ба баъзе аз ин мутахассисони хориҷӣ маоши баландтар аз Нахуствазири онвақтаи Ҷопонро медоданд. Ин як бори гарон бар буҷети Ҷопон буд, аммо бидуни ин расидан ба ҳадаф номумкин буд. Донишманди ҷопонӣ Мамичӣ Тсуда (1829-1903), ки дар Ғарб таҳсил карда буд навишт, ки “Ҷопон донишҷӯест, ки илму технологияи Ғарбро меомӯзад. Барои зиёдтар ва тезтар омӯхтан мо маҷбурем ин пардохтҳои баландро кунем”[3]. Ҳатто ширкатҳои хусусӣ омӯзгорони хориҷиро даъват мекарданд то ба кормандонашон дарс гӯянд. Дар баробари ин донишҷӯёни болаёқат аз тарафи давлат ба хориҷа равон карда мешуданд ва дар он ҷо таҳсил карда ба ватан меомаданд. Ин мутахассисон таҷҳизоти хориҷиро ворид карда меомӯхтанд ва дар асоси он худ таҷҳизоти нав месохтанд. Ин амал дар замони муосир ғайриқонунӣ аст, аммо дар он давра қонунҳои байналмилалии пешгирикунандаи он набуд ва Ҷопон аз ин ҳолат истифода карда буд. “Ба хотири табдил додани кишвар аз кишоварзӣ ба давлати тараққикардаи саноатӣ, донишомӯзон ва муҳаққиқони ҷопонӣ ба хориҷа мерафтанд то забон ва илми Ғарбро омӯзанд. Ҳамзамон донишмандони хориҷиро ба Ҷопон даъват карда буданд ва онҳо ба мардуми кишвар дар дохил дарс медоданд. Ҳамчунин давлат ба соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия сармоягузории зиёд мекард. Дар баробари ин ҳукумат корхонаҳои муваффақро бевосита дастгирӣ мекард, махсусан корхонаҳоеро, ки моликонашон хонадонҳои қудратманд буданд, ки онҳоро Зайбатсу (Zaibatsu) меномиданд”[2]. Ин ҳама дар маҷмуъ раванди аз худ кардани илму технологияҳои пешрафтаро суръат бахшид ва Ҷопон тавонист баробарвазни кишварҳои мутараққӣ шавад.
Ислоҳоти иқтисодӣ, ҳарбӣ ва тағйиротҳои иҷтимоиву фарҳангӣ дар давраи Мейҷӣ (1868-1912)
Бо мақсади сиёсӣ ва идеологӣ ислоҳотгарон дар Ҳукумати Мейҷӣ дини қадимаи худ Шинторо бар Будизми омада аз Чин тарҷеҳ медоданд. Ин ба он хотир буд, ки онҳо императорро қувваи азими муттаҳидкунандаи миллат медонистанд ва дини миллии онҳо шоҳони Ҷопонро баргузида меҳисобид. Дар макотиб дар баробари фанҳои хониш ва ҳисоб, дарси ахлоқро ба роҳ монда, ба хонандагон уҳдадорӣ дар назди императорро таъкидан меомӯзонданд. Яке аз вижагиҳои ҷомеаи онвақтаи Ҷопон он буд, ки онҳо ба фарқ аз бештари ҷомеаҳои дигар синфи рӯҳониёнро надоштанд. Баъдан масъулони давлатӣ соҳиби замини кишоварзӣ набуданд ва дар соҳаи кишоварзӣ танҳо деҳқонони воқеӣ кор мекарданд. Ислоҳоти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар баробари ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ба роҳ монда шуд. Раванди гузаштан аз ҷомеаҳои пӯшидаи деҳотнишин ба ҷомеаҳои кушодаи шаҳрнишин ба вуҷуд омад, ки барои ба роҳ мондани иқтисоди саноатӣ шароит фароҳам овард. Дар баробари ин, низоми нави илму маориф андешаи илмӣ ва ратсионалиро ҷойгузини бовару одатҳои хурофотӣ ва ирратсионалӣ кард, ки бе ин тағйиротҳо саноатикунонии Ҷопон ғайриимкон буд.
Ба роҳ мондани ислоҳоти боровар масъулияти аввалиндараҷаи ҳукумат буд ва Ҳукумати Мейҷӣ дар он нақши муассир дошт. Дар баробари ин, нақши ширкатҳои хусусӣ ҳам, ки дар шароити нав имконоти зиёд доштанд, аҳамияти бузург дошт. Ҳамкориҳои давлат бо сектори хусусӣ яке аз вижагиҳои Ҷопони Мейҷӣ буд, ки то кунун дар ин кишвар ба мушоҳида мерасад ва ин ҳамкориҳо нақши ҳалкунандае дар рушди иқтисодии ин кишвар дошт. Бо вуҷуди ин, давлат ягона сармоягузори бузург дар иқтисоди Ҷопон буд. Дар солҳои аввали Ҳукумати Мейҷӣ ҳамаи соҳаҳои сармояталаб тариқи сармоягузории бевоситаи давлат маблағгузорӣ мешуданд. Давлат маблағҳои буҷавии зиёдеро барои дохил кардан ва аз худ кардани технологияҳои пешрафтаи замонаш равона мекард ва корхонаҳои истеҳсолии нав месохт. Коршиносон ба ин андешаанд, ки бе чунин маблағгузориҳои давлатӣ суръати рушди иқтисодии Ҷопон ба маротиб пасттар мешуд.
Дар ду даҳсолаи аввали Ҳукумати Мейҷӣ аксари даромади буҷаи давлатиро соҳаи кишоварзӣ таъмин мекард. Тибқи Санади ислоҳоти замин, ки дар соли 1873 мавриди амал қарор гирифт, кишоварзон ба ҷойи биринҷ андози заминро бо пули нақд мепардохтанд, ки он ба 3 дар сади арзиши замин баробар буд. Ин қоидаҳои нав пеши роҳи ришвахорӣ дар соҳаро гирифта, боиси ба роҳ мондани даромади муътадил ба буҷет гардид.
То соли 1900 маҳсулоти содиротии асосии Ҷопон ба хориҷ абрешим буд. Маҳсулоти саноатӣ бо маҳсулоти аврупоӣ ва амрикоӣ рақобат карда наметавонист. Баъд аз абрешими ҷопонӣ чой ҳам содирот мешуд. Даромад аз содироти ин маҳсулотро асосан барои хариди таҷҳизот масраф мекарданд. Дар муддати кӯтоҳ ин сиёсат ба он расонд, ки воридоти маҳсулоти пахта қатъ гардида, ҷойи онро маҳсулоти пахтаи дохилӣ гирифт. “Дар охири даҳаи якуми Ҳукумати Мейҷӣ дар Ҷопон камтар аз 10 ҳазор таҷҳизоти нахресӣ вуҷуд дошт, вале то охири давра ин адад ба 100 ҳазор расид. Ҳамин тариқ то охири давраи Мейҷӣ Ҷопон ба кишвари пешсаф дар саноати нассоҷӣ табдил ёфт. Ҷопон тавонист технологияи хориҷиро ворид карда, онро аз худ намуда такмил диҳад ва саноати худро бисозад, то дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир гардад” [2].
Дар даҳаи якуми ҳокимияти Мейҷӣ корхонаҳои зиёди давлатӣ сохта шуданд, ки муваффақ нашуданд. Аксари онҳо бар зиён кор мекарданд ва давлат онҳоро ба соҳибкорон фурӯхт. Ҳарчанд ин корхонаҳо бо нархи нисбатан паст фурӯхта шуданд ва ин норозигиҳои зиёдро ба вуҷуд овард, аммо соҳибони нави ин корхонаҳо бо ҷорӣ кардани идораи дуруст ва сармоягузориҳои иловагӣ ин корхонаҳоро судовар гардониданд. Аз ин ҷост, ки дар давраҳои баъдӣ ҳеҷ кас он соҳибкоронро барои бо нархи ночиз аз худ кардани моликияти давлат муттаҳам намекард. Бо ҳадафи танг кардани мавқеи истеҳсолкунандагони хориҷӣ давлат дар навбати худ ин корхонаҳои хусусиро то ҳадди имкон дастгирӣ мекард. Ин сиёсатро онҳо “ҷойивазкунии воридот” меномиданд ва сиёсати “импортозамещение”, ки Россия дар соли 2014 баъди ҷорӣ шудани таҳримҳои Ғарб пеш гирифт, бо он шабоҳати комил дорад.
“Яке аз вижагиҳои Ҳукумати Мейҷӣ саноатикунонии босуръат буд. Дар баробари сиёсати давлатӣ, ки институтҳои ғарбиро ҷорӣ карда, инфрасохтори нав сохт, мушовирони бодонишу таҷрибадори хориҷиро даъват кард, омӯзишу парвариш ва такмили ихтисоси густардаро ба роҳ монд, ширкатҳои истеҳсолии давлатӣ ва марказҳои тадқиқотиро сохт ва дигар амалҳои лозимаро иҷро кард, бояд эътироф кард, ки динамизми сектори хусусӣ аз ҳамаи ин фаъолиятҳои давлат муҳимтар буд. Дар табақаҳои поёнӣ тоҷирони нав ва тоҷирони собиқадор, муҳандисони соҳибихтисос, ҳунармандони сарфароз ва деҳқонони сарватманд дар саросари кишвар қувваи пешбарандае буданд, ки имкони босуръат аз худ кардани донишу технологияи пешрафтаи хориҷиро ба вуҷуд оварданд. Бе мавҷудияти ин имкониятҳои сектори хусусӣ, ҳатто сиёсати дурусти давлатӣ натиҷаи дилхоҳ дода наметавонист”.
Кеничӣ Оҳно дар китоби худ “Рушди иқтисодии Ҷопон” ду шахсиятро мисол меорад, ки нақши онҳо дар рушди соҳаи нассоҷии Ҷопон ҳалкунанда буд. Соли 1877 як соҳибкор бо номи Эйичӣ Шибусава ба як донишҷӯи ҷопонӣ дар Лондон бо номи Такео Яманобэ бо чунин мазмун нома менависад: “Яманобэи азиз, як дӯстам номи шуморо ба ман гуфт. Ҷопон имрӯзҳо аз ҳад зиёд нахи пахтаро аз хориҷ ворид мекунад. Моро зарур аст, ки соҳаи ресандагии дохилии худро ташкил кунем. Мо ба одамоне ниёз дорем, ки ҳам мудирият ва ҳам технологияро донанд. Лутфан, шумо метавонед соҳаи ресандагиро омӯзед? Ман корхона хоҳам сохт”. Яманобэ, риштаи иқтисод ва суғуртаро тарк карда, ба ваъдаи ҳамватани худ, ки боре надида буд бовар мекунад ва ба омӯзиши соҳаи коркарди пахта мепардозад. Эйичӣ дар навбати худ ба донишҷӯе, ки боре вонахӯрдааст, маблағ равон мекунад, то ӯ омӯзишро давом диҳад. Дар солҳои баъдӣ ин ду чеҳра ҳамкориро ба роҳ монда яке аз муҳимтарин чеҳраҳо дар сохтмони соҳаи нассоҷии Ҷопон мегарданд. Ин ҳам яке аз вижагиҳои мардуми Ҷопон буд, ки соҳибкору донишҷӯ ҳам дар лоиҳаҳои бузурги миллӣ худро масъул дониста, ҷону моли худро дар ин роҳ ба гарав мегузоранд. Ин вижагиест, ки то кунун барои ҳар кишваре дар ҷаҳон зарур мебошад, то ба рушду пешрафти назаррас ноил гардад.
“Бо таъмин кардани шароити нави амниятии сиёсӣ ва молиявӣ, ҳукумат имконияти сармоягузории дохилиро ба саноат ва технологияҳои нав фароҳам овард.”[1] Дар раванди бозсозӣ ва гузаштан ба низоми капиталистӣ ташкили бонкҳо зарур буд. Ҷопон дар соли 1873 низоми бонкии худро аз рӯйи низоми бонкии ИМА ташкил кард. Дертар барои такмил додани ин низом бонки марказии Ҷопон созмон дода шуд ва онро Бонки Ҷопон (Bank of Japan) номиданд. Баъдтар бонкҳои соҳавӣ барои кишоварзӣ ва саноат кушода шуданд. Низоми бонкдории Ҷопон давраҳои рушд ва афтишро дошт, ки омӯзиши алоҳидаро талаб мекунад ва дар доираи ин матлаб намеғунҷад. Вале нақши он дар рушди иқтисодии Ҷопони Мейҷӣ бузург аст ва яке аз соҳаҳое мебошад, ки дар гузариш аз сатҳи кишоварзӣ ба саноатӣ кумак карда буд.
Яке аз аҳдофи муҳими Ҳукумати Мейҷӣ сохтани артиш ва неруи баҳрии қавӣ ва марказонидашудае буд, ки дар асоси он Ҷопон бояд ҳамчун кишвари қудратманд дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф мешуд. Барои таъмини молӣ ва зеҳнии артиш давлат бо корхонаҳои хусусӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монд, ки ба онҳо фармоишҳо медод. Ин аз як ҷониб артишро таъмин мекард, аз ҷониби дигар таъсири азиме ба рушди иқтисодӣ ва технологии Ҷопон мерасонид. Ислоҳоти низомӣ натиҷаи худро дар бархӯрд бо самурайҳои норозӣ дар соли 1877 нишон доданд ва ин пешравиҳои низомӣ дар ҷанги Ҷопон бо Чин дар солҳои 1894-1895 ва ҷанг бо Русия дар солҳои 1904-1905 дида шуд, ки пирӯзӣ дар ин ҷангҳо кишварҳои Ғарбро маҷбур кард, то Ҷопонро қудрати баробарвазн бишносанд. Пирӯзӣ дар ин ҷангҳо барои Ҷопон тақвиятгари ҳам иқтисод ва ҳам артиш буд.
Саранҷом дар поёни давраи Мейҷӣ Ҷопон ба бештари ҳадафҳои худ расид. Низоми нави давлатдории парлумонӣ, артиши қавии сатҳи ҷаҳонӣ ва иқтисоди саноатии рақобатпазир аз дастовардҳои Ҳукумати Мейҷӣ маҳсуб мешаванд. Ҳарчанд саноати вазнин дар зинаҳои аввал қарор дошт ва рақобатпазир набуд, вале заминаҳои рушди он фароҳам шуда буд ва дертар дар ин ҷода ҳам Ҷопон ба кишварҳои Ғарб баробар шуд.
Ҷопон дар замони Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ва давраи пеш аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ
Дар аввали солҳои Мейҷӣ Ҷопон асосан ашёи хомро ба кишварҳои ғарбӣ содир карда, аз он ҷо масолеҳи саноатӣ ва таҷҳизот ворид мекард. Дар охири он давра низ вазъият тақрибан ҳамчунин буд ва ба ҷуз пахтаи Амрико Ҷопон аз ин кишварҳо ҳамоно таҷҳизоту маҳсулоти тайёр ворид мекард. Аммо дар баробари ин маҳсулоти соҳаи саноати сабуки Ҷопон бозорҳои кишварҳои рӯ ба инкишофро тасхир карда, мавқеи кишварҳои ғарбиро танг мекард. Таносуби умумии тиҷории Ҷопон дигар шуда буд. “Дар охири давраи Мейҷӣ (1912), ки каме пештар аз оғози Ҷанги якуми ҷаҳонӣ буд, Ҷопон муваффақона саноати сабуки худро ба роҳ монда буд, махсусан дар соҳаи нассоҷӣ. Аммо саноати вазнин ва мошинсозӣ дар оғози роҳи худ қарор доштанд. Рушди босуръати ин соҳаҳо дар давоми Ҷанги якуми ҷаҳон ва баъд аз он ба роҳ монда шуд”.
Ҷопон дар замони ду ҷанги худ (бо Чин ва бо Россия) ба камбудии маблағ дучор шуда аз хориҷа қарз гирифт, ки ин қарзҳо вазъи молиявии Ҷопонро бад карда буданд. Ин вазъият баъди сар задани Ҷанги якуми ҷаҳонӣ рӯ ба беҳбудӣ овард. Дар баробари гирифтор шудани кишварҳои Аврупоӣ дар ин ҷанг содироти онҳо ба дигар кишварҳо қатъ шуд. Ҷопон аз фурсат истифода карда, молу маҳсулоти саноатии худро дар ин бозорҳо ҷойгузини онҳо кард. Ҳарчанд сифати маҳсулоти ҷопонӣ пасттар буд, вале талабот зиёд буд ва онҳо бо нархи гаронтар ба фурӯш мерафтанд. Ин шароит фурсати муносибе ҳам барои давлат ва ҳам барои шаҳрвандони Ҷопон шуд. Тоҷирону истеҳсолкунандагон босуръат сарватманд мешуданд ва буҷети давлат аз ҳисоби андозу пардохтҳо ғанӣ мешуд. Иқтисод дар маҷмуъ босуръат пеш мерафт. Лекин ин дар як муддати кӯтоҳ, дар давоми Ҷанги якуми ҷаҳон буд ва дар солҳои бистуми асри гузашта, иқтисоди Ҷопон ба рукуд мувоҷеҳ шуд. Дар ин солҳо ба мардум озодиҳои бештар дода шуд ва ҳукумат бо ин усул тавонист назму низомро нигаҳ дорад. Вале хатари дигаре дар пеш меистод, ки он ба дасти ҳарбиён гузаштани ҳукумат ва боло рафтани миллатгароӣ буд. Буҳрони иқтисодии соли 1928 дар ИМА таъсири худро ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Ҷопон расонид ва Ҷопон дар солҳои 1930-1932 ба мушкилоти бештар мувоҷеҳ шуд. Ин норозигии мардумро зиёд карда, роҳи расидани низомиён ба қудратро ҳамвор мекард, ки саранҷом дар соли 1937 онҳо қудратро ба даст гирифта ҷангро бо Чин оғоз карданд ва ҳамаи захираҳои моддӣ ва зеҳнии Ҷопон барои таъмини артиш равона гардид.
Бо вуҷуди ин мушкилот то соли 1930 Ҷопон соҳаи саноати вазнин ва кимиёии худро тақвият дода тавонист ва дар ин давра тақрибан ҳамаи мошинолотро аллакай дар дохил истеҳсол намояд. Саноати вазнин дар солҳои сиюм бо идораи марказонидашуда, ки бо ҳадафҳои низомӣ ба роҳ монда шуда буд, бештар тақвият ёфт. Истифодаи донишу технологияи ширкатҳои гуногун барои ба роҳ мондани истеҳсоли киштиҳои ҳарбӣ, ҳавопаймоҳо ва дигар воситаҳои ҷангӣ, таъсири мусбати худро ба саноати вазнин гузошт. Ҳарчанд шикасти сангин дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ба Ҷопон зиёни ҷиддии моддӣ овард, вале донишу технология ва мутахассисони кордон боқӣ монданд ва дар солҳои баъдиҷангӣ, истифодаи дурусти онҳо дар бозсозӣ, ин кишварро дар муддати нисбатан кӯтоҳ ба як кишвари ободу пешрафта табдил доданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё