Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

ҳазорсоларо овардӣ, аммо аз чӣ сабаб бобоям ҳамроҳиат накарданд?

  • Дарди қисса шуниданат гирифт? - модарам бо лабханд пурсид.

  • Косахонаи сари одам оварданат рост?

  • Уфф... рост. Аммо аз қабристон нею аз ҷарӣ ёфта оварда будам.

  • Ҳикоят намекунӣ?

  • Хуб вақти ҳикоятшунавита ёфтай. Бибиат ҳама чиза гуфту тафсилоташа қисса накард? Ту гуфтаҳои мана иҷро кун. Додару хоҳарата хобон. Қиссагӯй гурехта намеравад. Ман зудтар ба сари об равам, ки киштамон сахт обталаб шудааст. Имшаб навбати об аз мост. Агар хабар гирифта наистам, ноинсофони обдузд кам нестанд.

Ва ту он воқеаи барои ман завқоварро баъди чандин вақт ҳикоят кардӣ. Он шаб барфи лаклакӣ меборид. Хонаро бухории русӣ гарм мекард. Додару хоҳаронам кайҳо дар хоби роҳат буданду ту барои фурӯш ҷапони72 серпахта медӯхтӣ. Ман, дар ҳоле ки барои часпонидани зеҳи ҷома ба ту мадад мекардам, ҳикояти косахонаи сар овардани туро мешунидам. Аҷаб, ки ту басо ором он воқеаро гуфта медодӣ. Саъй мекардӣ, ки дар дилам ваҳму тарс пайдо нашавад:

«Мо, духтаракони маҳалла, аз роҳи боғи колхоз ба Такоб мефаромадем. Ин мавзеъ марзвори калоне буд, ки чарогоҳи колхози ҳамсоя ҳисоб меёфт. Ҳамин ки чаҳорпоён алафи як мавзеъро хӯрда тамом карданд, подаро ба қитъаи дигар мебурданд. Ва мо, кӯдакон, баъди ду-се рӯз аз мавзеи аввала саргини гову гӯсолаҳоро, ки аллакай зери таъсири офтоби тамуз хушк шуда буданд, барои гарм кардани оби ҷомашӯйӣ мечидем. Одатан, падарам рухсат намедоданд, ки ман саргинчинӣ равам, чун ниёз ба ин сӯзишворӣ надоштем. Вале ман хуфёна73 ҳамроҳи ҳамсоядухтарон - Робияву Туҳфанисо ба Такоб рафтанро

пешина
аз 208
навбатӣ