Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
— Пас, ин қабристони куҳнаи Янгарикиён, ки дар шафати ҳавлии мост, ба гузаштагони мо ҳам тааллуқ дорад?
— «Банӣ Одам аъзои як пайкаранд.»
— Шумо шабона аз қабристон метарсед?
— Аз руху арвоҳ тарсидан даркор нест. Онҳо ба зиндаҳо қувват мебахшанд.
— Ман гумон кардаам, ки шумо аз гӯристон метарсед.
— Чӣ?!
— Агар наметарсида бошед, барои чӣ аз гӯри куҳна ҷумҷумаи мурдаи садсоларо барои боздоштани хуни бинии тағои Абдусаломам кофта набаровардед?
Бобоям сахт хандиданд ва ҳамсафари доимиашон - асои сиёҳранги русиро ба даст гирифтанд.
Хоҳарбузургам баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Самарқанд шомил шуд. Акнун дар корҳои хонаву дар ёвару мададгорат ман будам, модарҷон. Як шомғаҳ чароғи дастию каландро гирифтиву ба ман дастур додӣ:
— Дегу табақро шӯю бистари додары хоҳаратро андоз. Ман аз роҳи қабристон ба Каптаргул сари ҷӯй меравам.
— Маро ҳамроҳат бигир. Намехоҳам, ки танҳо равӣ.
— Маро гург намехӯрад, натарс.
— Мехоҳам, ки мисли ту ҷасур бошам. Ман аз гӯристон наметарсам. Бобоям мегӯянд, ки рӯҳу арвоҳ ба одамон қувват мебахшанд. Аммо мардум Каптаргулро макони деву ачинаҳо мегӯянд.
Ту лабханд задӣ.
— Гӯш кун, бачам, деву ачинаҳо дилу гурдае надоранд, ки ба одами нотарсу қавиирода рӯ ба рӯ оянд.
— Оҷаҷон, бобоям аз қабристон наметарсанд?
— Чӣ буд?
— Ман ҳайрон мешавам, ки ҳанӯз дар кӯдакӣ ту аз қабристони куҳна натарсида косахонаи мурдаи шояд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё