Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
— Э шумтакае, Худо умрата дароз кунад, ба ҳолам монӣ-чӣ? Ман аз ғаму дард мекафаму ин масхарабозӣ мекунад. Ман ба ту ҳофизи тӯйгард будам, ки фармоиш медиҳӣ: фалон ашӯлая аз нав хон? «Буза ғами ҷону қассоба ғами чарбу» гуфтанашон ҳамин будагист.
— Бибиҷон, чиба гиря мекунеду оби дидаатон намебарояд?
— Э духтари ҷон, дар тӯли умрам ин қадар оби дида рехтам, ки дар қаъри чашмонам як қатра об намондааст.
— Додаратон Абдуҷалил кай мурда буд, бибӣ?
— Ту чихилрӯза будӣ.
— Оҳ-ҳо, ким-кай мурда будааст-ку. Гиристана бас кунед акнун.
— Чӣ хел ким-кай? Гӯё дирӯзак буд. Ман лаҳзаҳои ҷонкании ӯро фаромӯш карда наметавонам. Ҷонсарак шуд. Гуфтам, ки ҷавонмарди чихилсола, аз зиндагӣ серношуда. Дунёш ширинӣ мекунад. Аммо вай дар ғаму ташвиши фарзандони ноболиғаш будааст, ки хоҳиш кард ҳама берун бароянд, лекин дасти маро сар надод.
— Апаҷон, — гуфт ӯ, — медонам, ки паймонаам пур шудааст. Ҳоли фарзандони ман чӣ мешавад? Онҳо дар кӯча мемонанд.
Максади додарамро хуб мефаҳмидам. Хонае, ки ӯ мезист, хонаи меросии падари ман буд.
Ман аз суханҳои модаркалон чизе намефаҳмидам.
— Бибӣ, мегӯед, ки Абдуҷалил додаратон аст. Аммо боз мегӯед, ки хонаи шиштаи ӯ хонаи падари ман буд. Пас, вай додари шумо набуд?
— Чӣ хел набуд? Додарам буд! Оҳ, додари дунё-нодидаи ман! Дар дил армон бурдагӣ додарам! Бибиҷай рӯйи хонаша бо як доман бача ҳайрон монондагӣ додарам!
— Ҳей, бибӣ! Бибӣ-й!!!
3 Ашӯла — як навъи таронаҳои мардумии водии Фарғона, ки ҳар бандаш аз чаҳор мисраъ иборат аст.
4 Апа — хохарбузург

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё