Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ман, ки ҳанӯз дар кӯдакӣ аз падар маҳрум мондаам, симои падарро аз рӯйи гуфтаҳои ту, ки эшонро ошиқона дӯст медоштаӣ, тасаввур мекунам. Падари эшонзодаам Муқаддамхон Эшонҷонов муаллими таърих, инсони якрӯву ҳақгӯ будаанд. Мегуфтӣ, ки падарат марди давраорову суханпардозе буд. Бисёр мехонд. Ӯро мардум «авлоди ҳафтумин қозӣ» гуфта эҳтиром мегузоштанд. «Ҳафтумин қозӣ, яъне, чӣ?» – мепурсидам ман. «Яъне, сарҳалқаи сулолаи қозизодаҳои Сӯх - қозикалони хонигарии Хӯканд яке аз бобокалонҳои падарат ҳастанд. Аз ин сулола ҳафт қози дар водии Фарғона маъруфият доштаанд. Охиринашон бобои модарии падарат Қозихонешони яйпанӣ буданд. Ин эшонзодаҳо дар ҳар ноҳия ё ягон шаҳри водии Фарғона қозигӣ карда бошанд, ҳатман аз худ биноҳои мактабу масҷид ба ёдгор мондаанд. Аз Қозихон эшон (падарбузурги модарии падарат), ки набераи Сӯх будаанд, аз рӯйи донисти ман, ду масҷиди ҷомеъ ба ёдгор мондааст: яке масҷиди Чорсӯйи шаҳри Хӯканд, дигаре масҷиди Ровони Сӯх».

Тақрибан солҳои 13-14-и асри 20-и милодӣ. Мардуми батақвои Сӯх то он вақт барои гузоридани намози одина ҳар рӯзи панҷшанбе пиёдаву савора қариб 50 километрро тай карда ба Хӯканд мерафтаанд. Ва баъди адои намози ҷумъа дар масҷиди ҷомеъ боз ҳамон қадар роҳро тай карда, ба Сӯх меомадаанд, яъне, барои рафтуомад ба Хӯканд аз як то яку ним рӯзро сарф мекардаанд.

Ин азоби мардумро дида, бобокалони мо пеш аз ҷашни арӯсии духтарашон, яъне, модари падарам Бибимастура масҷиди боҳашаме иморат карда, ба аҳли Сӯх туҳфаи тӯёна кардаанд.47 Бояд гуфт, ки домоди Қозихон-эшон холабачаашон Мулло Эшонҷони сарикандагӣ будаанд. (Сариканда яке аз ҳафт канди шахристони Сӯх аст.)

47 Масҷиди ҷомеи Сӯх солҳои ҳукумати советӣ ба анбори картошка табдил дода шуда буд. Ҳоло ба ҷои он масҷиди нав иморат шудааст.

пешина
аз 208
навбатӣ