Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
дар Сӯх «тору пудаш абрешим» мегӯанд. Афсӯс, ки ту ӯро комилан нашинохта мондӣ. Балки ман имкон надодам, ки ту падаратро хубтар шиносӣ. Ғурури беҳуда кардам. Аслан, ҳеҷ гоҳ ихтиёри ман ба дасти худам набуд. Ҳамеша қисмати маро дигарон ҳал кардаанд.
– Дигар мактаб намеравам, – боз оби дида мерехтам ман.
– Ҳамин ки таътил сар шуд, Сӯх мебарамат. Минбаъд ҳамон ҷо мехонӣ.
Он солҳо автобусе роҳи панҷоҳкилометраи байни Сӯху Риштон рафтуо мекард, ки бисёр хурд буду дорои як дар. Одатан, автобус мусофири зиёде мегирифт. Раҳораҳ аз деҳаҳои қирғизнишин низ мардуми зиёд мебаромаданду мефуромаданд. Ин ҳол бисёр дилгиркунанда буд. Хусусан, дар ағбаи Давон вазъи мусофирони автобус хеле бад мешуд. Мошин ба ағба сангпуштвор часпида мебаромад, ҳавои салон басе гарму бадбӯй мешуд, дил беҳузур мегардиду сар ба дард медаромад. Ҳамин ки мошин бо азобе ба Санги арӯс мерасид, мо нафаси тоза мекашидем. Чунки одатан мусофиркаш дар ин мавзеъ чанд дақиқа таваққуф мекард ва ронанда ҳаққи кироякашӣ меғундошт.
– Чаро ин ҷоро Санги арӯс мегӯанд? – пурсида будам боре аз ту.
– Намебинӣ, ки ин ҷо наварӯсе санг бастааст.
Ва ту ҳикоя оғоз кардӣ:
«Овардаанд, ки дар замонҳои қадим аз Сӯх ҷониби Риштон арӯс мебурданд. Яке аз байни кӯҳу кӯҳпораҳо дастаи роҳзанон - дуздони беимон ба қофила ҳуҷум оварданд. Шаҳқиё ва чихил нӯкараш ба ҳимояи шарафи хеш бархостанд. Вале киёнӯкарони таблу сурнайбадаст дар муқобили чихил роҳзани хунхор, ки ҳама бо тиру камону теги парон мусаллаҳ буданд, оҷиз омаданд. Домоди орзуношикаста ва ёрони содиқаш қатл гаштанд. Арӯсу ду бародарзани ӯ худро дар иҳотаи дуздони роҳзан ноилоҷ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё