Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
мешаванд. Чунин ба назар мерасад, ки ин дидагон барқи шодмонӣ мепошанд.
- Нордонаи ман... Ҷалилҷон! Саидабону!
Модаркалон бо суратҳои нуронӣ гуфтугӯ менамояд. Аммо тифл ягон нафари онҳоро намешиносад. Намешиносад, аммо нисбат ба онҳо дар дил ҳисси гарме эҳсос мекунад. Мехоҳад ҳамроҳи онҳо бошад. Мисли онҳо ба парвоз ояд. Дар гирди сари модаркалон гирдгардон шавад, рақс кунад, табъашро хуш созад. Чӣ хуб аст, ки одам ба парвоз бошад! Нурсон дар фазо шино кунад! Атрофиён чаро оби дида мерезанд? Магар онҳо аз дидани ин манзараи рӯҳнавоз хушнуд намешаванд? Худоё, ба кампири Хосият чӣ шуд? Ба модараш чӣ шуд? Аз чӣ онҳо ашк марҷон мекунанд? Аммо модаркалон рӯйи бистари покизааш бароҳат хуфтаву ба мисли Нордона хурсандӣ мекунад. Мазмун, бибӣ аз рақси он мавҷудоти пурнуру зиё хушаш меояд, ки беист табассум менамояд. Онҳо бибиро ба давраи хеш мехонанд. Бибӣ бо ҷону дил ҷониби арғуштиён майл мекунад.
Овози отун баландтар мешавад. Модар даҳони худро бо як бари сарандози сафедаш маҳкам медорад, то фиғон накашад. Нордона аз ҷой сабук мехезад ва ба оҳанге, ки таҳти он мавҷудоти муҷалло чарх мезананд, давр гаштан мегирад. Оё ӯ чарх мезанад? На, хона чарх мезанад, модараш дар сари обрези хона чарх мезанад. Бибӣ Хосияту отуни дуохон чарх мезананд. Тирезаи хона чарх мезанад, олучабуни сергули паси тиреза чарх мезанад...
Отун ишора мекунад, ки кӯдакро берун бароранд. Аммо Нордона дасту почак мезанад.
- Не!!! Ман ҳам парвоз кардан мехоҳам! Ба мисли бибиҷонам парвоз кардан мехоҳам. Арғушт рафтан мехоҳам! Бо онҳо буданам меояд. Ҳамроҳашон рафтанам меояд! Сар тед. Бибиҷон, мана халос кунед, мана аз дасти инҳо гиред! Ман ҳам парвоз кардан мехоҳам!
Духтарчаро дур бурда буданд. Овозаш дигар паст ба гӯш мерасид, аз пушти девор, аз боғи зардолу. Вале дар хона модаркалон чанд лаҳзаи дигар дар вазъи якфому

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё