Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

— Аз боло мерасад. Аз марг гурехта намешавад. Аҷал ҳамеша миёни чашму абруст. Бехабар демоний, ки панҷа ба гулуят задааст.

— Дурӯғ! Аввал гуфтед, ки аҷал аз боло меояд. Боз мегӯед, ки вай миёни чашму абру меистад. Ман доимо ҷавон будан мехоҳам.

— Илоҳо, ҳазорсола шавӣ, бачам.

— Ҳазор сол ҷавон будан мехоҳам!

— Ба муродат расӣ, бачам.

Дар назари Нордона марг деви сиёҳро мемонад, ки бо панҷаҳои пашмини ноҳундарозаш аз ҳалқи одам ҷонашро кашида мебарорад. Духтарча сахт метарсад. Аммо ваҳмашро нишон додан нахоста, боз ба модаркалон савол мекунад.

— Бибиҷон, одам мурад, боз зинда мешавад?

— Э кош, мурда як бори дигар зинда мешуд, он гоҳ холаи ҷавонмаргат бармегашт. Бо додари аскарам дидор ба қиёмат намемондем.

— Мешавад ё не?

— Чӣ мешавад ё не?

— Мепурсам, ки одам мурад, боз зинда мешавад?

— Гуфтам, ки не. Саволҳои бемаънӣ нате. Рав, бозӣ кун!

— Барои чӣ одамо дар кино мемуранду боз дар кинои дигар мебинӣ, ки зинда га-а-аштаанд?

— Онҳо аз ростӣ намемиранд. Ҳамту дурӯғакӣ бозӣ мекунанд.

— Худатон навак гуфтед, ки бо аҷал бозӣ карда намешавад, боз мегӯед, ки...

— Уфф...

— Яъне, бо аҷал бозӣ карда мешавад?

— Хайр, гуфти ту шавад, баъзан дар саҳнаҳои бозӣ дурӯғакӣ бозӣ кардан мумкин.

— Ин тавр бошад, ман ҳозир шуморо мепаронанд, шумо як бор муред.

— Магар духтаракон ҳам одама мепаронанд?

пешина
аз 208
навбатӣ