Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

бошад. Вале ӯ барнагашт. Ташвишкашиҳову ҷангу ҷанҷоли падарандарам бехуда буд. Ҳамин тавр, баъди се ҳафта хабари марги ӯро, саҳеҳтараш, ҷасади сарди ӯро ба деҳа оварданд. Маро аз бемористон рост ба деҳаи Сари Канда бурданд. Ман сурати падарро бори аввал медидам. Рӯйи бистар мехуфту манаҳаш баста. Тоқии тӯсӣ ними абрувони сиёҳи дарозашро пӯшонида буд. Ҳама доду фарёд мекарданд. Аммаам гоҳ бехуд мешуду гоҳ ба худ омада, навҳа мекашид. Маро чанд кас баробар ба оғӯш кашида, мегуфтанд: «падарҷон» гӯӣ, «падари ятимдорам» гӯӣ, «падари ғарибу мусофирам» гӯӣ, «ноилочу ночорам» гӯӣ. Аммо ман лолу ҳайрон будам. Ба ҳама бо назари тааҷҷуб чашм меандохтам. Ману хоҳарбузурграмро, ки рангаш сап-сафед канда буд, аз ду тарафи майит шинонданд. Яке аз чашмони нимпӯши мурда ашк ҷӯш зада баромаду пиру барно навҳаи фалакрас карданд.

Модарҷон, агар гӯям, ки ман ба ӯ меҳре надорам, аз ман маранҷ. Медонам, ки шумо ҳамдигарро сахт дӯст медоштед. Вале чӣ кунам, ки меҳр нисбат ба падар аз нақлу ҳикояти шахси дуюму сеюм пайдо намешавад. Балки якҷо бо тифл тавлид меёбад ва ҳар соату ҳар рӯз бузург мешавад. Боре гуфта будӣ, ки тифл дар серӯзагӣ падарро мешинохтаасту дар семоҳагӣ модарро. Ва дар мавриди дигар гуфта будӣ, ки агар шайтон ба гӯши тифли хуспида «модарат мурд» гӯяд, кӯдак механдад, яъне, бовар намекунад. Мегӯяд, «дурӯғ аст ин, навак модар ширам дода буд!» Вале чун шайтон гӯяд, ки «падарат мурд», тифл мегиряд. «Аз эҳтимол дур нест», — мегӯяд, — зеро чанд соат аст, ки надидаам.»

Модарҷон, пеш аз он ки ман чашм ба олами рӯшан кушоям, шайтони лаин аз ҷудоӣ ва марги зудраси падар хабар дода буд гӯё. Ман ба бепадарии хеш сахт хӯ гирифта будам, ки рӯзи маргаш ашк нарехтам. Ҳамон рӯз маро аз мотамхона ба беморхона не, ба ҳавлии бобои Мулло Ҷалолам оварданд. Чашму рӯйи ту аз гиря суп-сурх варам карда буд. Маро канор гирифтиву навҳа кардӣ.

пешина
аз 208
навбатӣ