Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

— Модаркалони раҳматиам бо Нозук-ҷӯгии андиҷонӣ аҳди хоҳархонӣ дошт. Аз рӯйи гуфти ӯ, солҳои ҷанги Гирмон лӯлиёни косатароши Ҷомашӯйро ба Сӯх оварда, дар колхоз маҷбуран кор фармуда будаанд. Бибиам мегуфт, ки он қавми саркашро Нозук ном зани оқилае сарварӣ мекард. Вай ҳеҷ ба ҷӯгиён монандӣ надошт. Мегуфтанд, ки аслан ин зани паричеҳра лӯлӣ набуд.

— Рост гуфтааст бибии ту. Нозуки фолбин аслан тоҷик буд. Шояд қиссаи рӯзгори ин фолбини машҳур ба гӯши ту ҳам расида бошад. Охир, ҳар куҷо, ки мегардем, аз забони мардум дар ҳаққи ӯ қиссаҳои нав ба нав мешунавем. Албатта, дар ҳаққаш мардум нек мегӯянд. Модарам ба касе «Нозук - модари ман», - намегӯяд, аммо аз шунидани ин зайл гапҳо хурсанд мешавад. Хуллас, падарам ба духтари Нозуки фолбини андиҷонӣ гирифтор шуда, бо сад азоб дили хушдомани ояндаашро ба даст дароварда, хушбахт мегардад. Нозуки фолбин бо шарте духтарашро ба Ширхон медиҳад, ки мисли дигарон мурдаву зиндаша ба сари китфони нозуки занаш напартояд. Балки мард бошаду рӯзгора худаш таъмин кунад. Ширхон розӣ мешавад. Шарти дигар ин будааст, ки домод зиндагии муқимӣ ихтиёр кунад. Зеро лӯлиёни Ҷомашӯй дигар гардандагӣ намекунанду аз азал талбанда ҳам набудаанд. Бесабаб онҳоро косатарошон намегӯянд. Онҳо асосан аҳли касбанд. Падар ба ҳама шарт розӣ шуда бошад ҳам, хумори зодгоҳ ҳеҷ оромаш намегузоштагӣ. Оқибат, баъд аз марги модаркалонам падарам оиларо бо зориву золӣ ба Қапчугай овард. Албатта, ба модарам, ки ба ҳар ҳол дар муҳити шаҳр калон шудагӣ, ҳаёти нимкӯчии қавми падарам хуш намеомад. Падар ҳам дар қавлаш истода, бо гуфти худаш, модарама рӯйи даст мегирад, вая ба талбандагӣ маҷбур намекунад. Мардуми Қапчугай падарама таъна ҳам мекунанд. Занкалон мегӯянд. Ана, ҳамин хел гапҳо, фаҳмидӣ?

Истам лаҳзае хомӯш монд ва боз илова кард:

— Ман ба ғайр аз ту ба касе қоил нашудагиям, ки зоти ман ба кадом дудмон мерасад.

пешина
аз 208
навбатӣ