Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

– Харсанг гуфтӣ? Мебахшию худатро «Эй одам!» гуфта чег зананд, маъкулат меафтад? Ин муъҷизаи худовандӣ ҳам дил дораду хотира ҳам. Унвонаш ҳам таърихист: Санги лағзонак! Бале, ин ном исми хоси санги мост! Ва онро бо ҳарфи калон бояд навишт! Чӣ хел номаш аз ёдат баромад, ки харсанг мегӯйӣ? Хотираи таърихии ин санг вожаи зебои «лағжидан»-ро дар забони мо нигоҳ доштааст. Агар ин ёдгорӣ нест, дар лаҳҷаи мардуми Сӯх лағжидан ҳам нест! Бин, хотираи Санги лағзонак аз хотираи ману ту барин инсонҳо қавитар аст. Дар лаҳҷаи мо танҳо дар мавриди унвони ҳамин санги соҳибном вожаи «лағжидан» корбаст мешавад. Мардуми Сӯх имрӯз сӯйи бегонагон ғеҷиш доранд. Аммо ҳамин Санги мо мегӯяд, ки замоне ин мардум дуруст ҳарф мезаданд! Диққат бидеҳ, калимаи дар таркиби забони сӯҳиён фаромӯшшудаи «ғажд» танҳо ҳамчун номи сиёҳолуе боқӣ мондааст, ки бар асари таъми аз ҳад зиёд ширинаш кирм мезанад, яъне, ғаждолу. Инро хотираи таърихӣ мегӯянд. Бидон, таърих танҳо баршумурдани солҳои ҷангу ҷидоли давлатҳо нест. Саргузашти ҳар як чиз, ҳар як бурчу бора, ҳар як кӯҳу камар таърих аст, мефаҳмӣ?

– Пас ғаждолуро ҳам бо «ғ»-и калон нависему исми хосаш шуморем? - гапро ба шӯхӣ бурд Мухтор. Зокири Хоҷаро ханда гирифт ва бо оҳанги андак нарм суханашро идома дод:

– Медонӣ-чӣ, ҷӯра, Санги лағзонакро касе ҳаққи тарконидан надорад! Ин Санг соҳиби ном аст. Ва иншооллоҳ, баъди чанде соҳиби шиноснома ҳам мешавад. Ба боло мактуб навиштам.

– Гуфтани ҳастӣ, ки ба ЮНЕСКО навиштӣ?

– Лозим шавад, ба ЮНЕСКО ҳам менависам. Ман то ба мақсад расидан аз пайи ин кор метозам. Фаҳмидӣ?

– Фаҳмидам. Аммо ... модом ки ин харсанг... эъ, не-е, гуфтани будам, ки Санги лағзонак ҳамчун ёдгории

пешина
аз 208
навбатӣ