Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Барои дарди дил дору биёред,
Хабар аз боғи зардолу биёред.
Хабар аз боғи зардолу набусад,
Кафи хоке зи роҳи ӯ биёред.

Зокири Хоҷа давида ба бозорчаи рӯ ба рӯйи беморхона рафт ва аз беҳтарин навъ ду кило ғӯлинг харида овард. Ҳаммактабаш хандай бадарде карду гуфт:
– Зокирҷон, шумо-ку чандон одами сода набудед. Давои дарди дили мо қандаки Зандолистони Кунҷок буда метавонад...
– ... ва агар он мева аз дасти ёри ҷавонӣ бошад, ҳамту не? - хушгӯйӣ кард Зокири Хоҷа.
– Қурбони аҳли фаҳм шавам. Воқеан, ин мисраъҳо нав эҷод шуданд, шахсан ба шумо мебахшам, - ҳаммактаби собиқаш коғазаки чорқатеро ба дасташ дод. Зокири Хоҷа беибо коғазакро дар ҳузури бемор кушоду бо овози паст хонд:

Чун нигора хоки ҷаддам моли музехона 101 шуд, «Ганҷи морон» 102 ифтихори миллати бегона шуд.

101 Яъне, осорхонаи таърихӣ 102 Ишорат ба бозёфти бостоншиносӣ - мори дусара, ки дар ковишҳои археологии солҳои 1893-1894 аз ноҳияи Сӯхи саросар тоҷикнишин ба даст омадаву бо номи "Тӯмори Сӯх" машҳурият пайдо кардааст. Назар ба таҳқиқоти бостоншиносон, ин мероси ниёгони мо ба ҳазораи 2-3-и пеш аз милод мансуб буда, 4кг 806г вазн дорад ва ҳоло дар осорхонаи таърихии Ӯзбекистон нигаҳдорӣ мешавад.

Мардуми Сӯх аз бозёфтҳое чун ёдгории мори дусара ва ҷумҷумаи сари одами аҳди қадимтарин ва дигар ашёи бостонии аз мавзеъҳои гуногуни ноҳия, аз ҷумла, Ғори Селункур (аслан Селингир) ба дастомада, ки дар илми бостоншиносӣ унвони "Маданияти Обишир" - ро дорад, басе ифтихор мекунанд. Ин аст, ки дар паспорти газетаи "Садои Сӯх" акси "Тӯмори Сӯх" ҷой дода шудааст.

Бояд зикр кард, мавзеи Ғори Селункур, ки дар наздикии шаҳраки Ҳайдарканд (таърихан ин шаҳраки кӯҳканҳо низ як қисмати Сӯхи мост) ҷой гирифтааст, расман дар маъмурияти Қирғизистон аст.

Ҳоло тасвири ин бозёфти атиқа, ки моли ниёкони миллати тоҷик аст, дар пули 200000-сӯмаи бонки миллии Ӯзбекистон ҷой дода шудааст. Ҳамчунин, дар пули 100-сӯмаи Бонки миллии Ӯзбекистон бозубанди дигаре дар шакли мори дусараи аҳди Ҳаҳоманишиҳо акс ёфтааст.

пешина
аз 208
навбатӣ