Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Чӯтак Ӯразов, Саидқул Турдиев, Домулло Азизов, Ҳайдар Қосимов, Қудрат Қаюмов, Ӯрунбек Ёқубов ва бисёр дигарон дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ занони пуршарафи республикаамон — Ойгул Муҳаммадҷонова, Ш. Ҳайдарова, С. Ниёзова, С. Алибоева, А. Исоева, Н. Умарова, Н. Карамышева, С. Сангинова, Р. Фозилова, З. Костенко, Ҷ. Раҳимова, Р. Ёқубова ба бисёр дигарон низ ватандӯстии олӣ нишон доданд.

Халқи мо ва Қувваҳои Мусаллаҳи вай дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ на фақат озодӣ ва истиқлолияти Ватани худро ҳимоя карданд, балки қарзи интернационалиашонро адо намуда, ба бисёр халқҳои ҷаҳон барои наҷот ёфтан аз фашизм ва барқарор кардани соҳибихтиёрии миллӣ кӯмаки ҳарбӣ расонданд.

Дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 20 млн. нафар одамони советӣ ҳалок шуданд. Ҳангоми озод кардани халқҳои Европа ва Осиё бештар аз се миллион нафар ҷанговарони Армияи Советӣ ҳалок ва ярадор гардиданд. Истилогарони гитлерӣ ба мамлакати мо зарари азими моддӣ расонданд. Онҳо 1710 шаҳру посёлка ва бештар аз 70 ҳазор деҳаро комилан ва қисман хароб карданд ва оташ заданд, қариб 25 млн. касро аз хонаю ҷой маҳрум сохтанд, 31850 корхонаи саноатӣ, 65 ҳазор км роҳи оҳан ва 4100 станцияи роҳи оҳан, даҳҳо ҳазор колхозу совхоз 84 ҳазор мактабу техникум, донишкадаи олӣ ва институти тадқиқоти илмӣ, 40 ҳазор касалхона ва дигар муассисаҳои муолиҷа, 43 ҳазор китобхонаро вайрону хароб карданд. Мамлакат қариб сӣ фоизи боигарии миллиашро талаф дод.

Иттифоқи Советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ғалабаи бузург ба даст оварда, ба барқарор намудани хоҷагии харобкардаи ҷанг шурӯъ намуд. Вай бо фаъолияти гуногунтарафаи худ ягонагии мустаҳками роҳбарии

пешина
аз 139
навбатӣ