Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
бо ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонда мешавад¹.
Оре, дар шаҳру деҳаҳои атрофи Одесса муҳорибаҳои хунине ба амал омада буданд. Пас аз ҷангҳои шадид қӯшунҳои советӣ бегоҳии 9 апрели соли 1944 ба шаҳри Одесса дохил гаштанд. Фашистон бошанд тамоми чораҳоро медиданд, ки Одессаро аз даст надиҳанд. Фармондеҳи гитлерӣ барои мудофиаи Одесса корпуси 72-юми ҷангӣ, ки ба ҳайати он 4 дивизияи пиёдагард дохил мешуд ва 25 қисми махсуси эс-эсчиёнро ҷудо карда буд. Қисмҳои махсуси душман бошанд ба таркондани заводу иншоотҳои бандарии шаҳр тайёрӣ медиданд. Дар рӯзҳои тайёрӣ ба штурми Одесса Советҳои ҳарбӣ ва шӯъбаҳои сиёсӣ дар бобати ба амалиёти оянда тайёр кардани ҷанговарон корҳои зиёде мебурданд. Дар даъватномаи шӯъбаи сиёсии Армияи 8-уми гвардия ба ҷанговарон ва командирон сатрҳои зерин сабт ёфта буданд: «Рафиқон гвардиячиён! Мо муқобилати сахти душман, душвориҳоро бартараф намуда, ба Одесса наздик омадем. Инак, мо дар остонаи шаҳр истодаем. Рафиқон гвардиячиён! Одессаро ба Ватани Советӣ бармегардонем! Қарзи солдатии худро то охир адо менамоем!»².
«...9 апрел штурми шаҳр сар шуд. 10 апрел соати 10 Одесса — маркази калони саноатӣ ва мадании Украина, бандари асосии Баҳри Сиёҳ озод гашт. Дар муҳорибаҳои назди Одесса зиёда аз 5 ҳазор фашистони немис кушта ва ярадор, 1100 солдату офицери немис асир гирифта шуд»³.
¹ Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 688043, д. 105, в. 63.
² «История Великой Отечественной войны Советского Союза» (1941—1945), ч. 4. М.: «Воениздат», 1963, саҳ. 86.
³ «Украинская ССР в Великой Отечественной войне Советского Союза», ҷ. 3, саҳ. 39.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё