Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ҳарбӣ, сӯзишворӣ, штаби душман, эшелони
роҳи оҳан, кӯпрукҳоро нобуд месозад;

— Экипажи бомбаандози дурпарвози шабона, ки
станцияи роҳи оҳан, анбори лавозимоти ҳарбӣ, сӯзишворӣ, иншооти бандар, нақлиёти баҳрӣ, эшелони роҳи
оҳан, завод, ё фабрикаи муҳимтаринро нобуд месозад;

— Экипажи бомбаандози рӯзона, ки бо амалиёти
ҷасурона дар ҷангҳои ҳавоӣ аз 1 то 2 самолёти душманро аз кор мебарорад;

— Ҳайати разведкачиҳо барои иҷрои бомуваффақияти супориши ҷангӣ, ки дар натиҷаи он дар бораи душман маълумоти зарурӣ ба даст оварда мешавад.

  1. Ордени Шараф дараҷаи 1-ум танҳо бо Укази
    Президиуми Совети Олии СССР дода мешавад.

  2. Ба дорандагони ҳар се дараҷаи ордени Шараф баробари имтиёзу ҳуқуқҳое, ки дар қоидаҳои умумии орденҳои СССР сабт ёфтаанд, инчунин ҳуқуқҳои зерин дода мешаванд:

а) додани рутбаи ҳарбии: старшина — ба аскарони қаторӣ, ефрейторҳо ва сержантҳо;
лейтенанти хурд — ба старшинаҳо;
лейтенант — ба лейтенантҳои хурди авиация;

б) зиёд кардани нафақапулӣ ҳангоми гум кардани
қобилияти корӣ, сарфи назар аз мавҷудияти қонун дар
бораи додани нафақапулӣ, дар ҳаҷми 50 фоиз;

в) таълими бепули фарзандон дар донишкадаҳои
олӣ ва миёнаи махсус.

  1. Орденҳои Шараф мувофиқи дараҷаашон аз рост ба чап дар тарафи чапи сандуқи сина овехта мешаванд. Дар сурати будани дигар ордену медальҳо орденҳои Шараф (лентаҳои он ҳангоми ҳамеша овехта гаштан) дар тарафи чапи дигар орденҳо, вале дар тарафи рости медальҳо ҷой дода мешаванд.
пешина
аз 139
навбатӣ