Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Вале фатҳи шаҳри Родос ба осонӣ муяссар намегашт. Мошини азими садшикан - гелеопол, ки онро аз рӯи фармоиши Деметрий меъмори афинагӣ Эпимах сохта буд, дар забт намудани қалъаи Родос осизӣ мекашид. Гелеопол аслан як қалъаи муҷаҳҳазу ҳаракаткунандаи бисёрошёнаро мемонд, ки тақрибан 30 метр баландии ва 15 метр паҳноӣ дошта, зиёда аз се ҳазор ҷанговарро дар дохилаш меғунҷонд. Дар қисми поён ва байни гелеопол шоҳтиру манҷаниқҳои гарони раҳнакунанда тавассути занҷирҳо устувор буда, дар қисми боло бошад, таҷҳизоти гуногуни тирандозӣ, оташу сангафканӣ ва зинаву нардбонҳои купрукмонанд ҷойгир буд, ки тавассути онҳо ҷанговарон ба болои девори қалъа мебаромаданд. Гелеопол дар шикастани садду монеа ва раҳна задани деворҳои қалъа ҳамто надошт. Тани ин мошини азими садшиканро бо пӯсти тар ва пашму гили ловида пӯшонида буданд, ки онро аз борони тирҳои пайкон, оташу қатрон ва зарби гарони сангҳо ҳимоя мекард.

Гелеопол деворҳои қалъаи шаҳрро бо зарби таран, шоҳтир ва манҷаниқ мешикасту раҳна мезад ва ҷанговарони Деметрий дар рӯ ба рӯи худ боз девори нави устувори қалъаро дида ба ҳайрат меафтоданд. Сокинони Родос дар мавзеъҳои эҳтимолии раҳна за-

Манҷаниқи Деметрий.

пешина
аз 84
навбатӣ