Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
ваъдаҳои зиёд медод. Сокинони Родос аз ҳуҷуми Деметрий огоҳ шуда, деворҳои қалъаи шаҳрро таъмиру устувор намуданд ва шаш ҳазор шаҳрвандони ихтиёрӣ ва ҳазор нафар ғуломуну асиронро бо ваъдаи додани озодӣ ба ҳимояи шаҳр сафарбар карданд. Деметрий сарлашкари тавоно ва ҷанговари соҳибтаҷриба бошад ҳам, дар фатҳи шаҳри Родос ба муқобилияти шадиди мардуми озодихоҳ дучор омад.
Мошини саддшикани Деметрий.
Мувофиқи маълумоти Плутарх («Зиндагиномаи мунтахаб») (Деметрий, XX, XXI), Деметрий на танҳо лашкаркаши моҳир, балки ихтирокори беҳамтои мошинҳои садшикан ва киштиҳои бузурги ҷангӣ будааст. Ӯ киштиҳои басо калон, тундрав ва нодири ҳарбӣ офарида буд, ки камаш шонздаҳ қатор белҳои киштиронӣ дошта, бо номи рамзии "ҳаробкунандаи шаҳрҳо" шуҳрат ёфт. Аз рӯи нақли Плутарх, вақте ки Деметрий киштиҳои бузургашро сохта, азми муҳосира намудани Сол ном шаҳри Киликияро дошт, рақиби сарсахти ӯ Лисимах хоҳиш намуд, ки киштиҳои бузурги ҷангӣ ва мошинҳои садшиканашро дар васати баҳр намоиш диҳад. Деметрий бо камоли майл киштиҳояшро дар назди деворҳои қалъаи Сол ба намоиш гузошт ва Лисимахи ҳайратзада баъди соате беҷангу муқовимат шаҳрро холӣ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё