Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

аҳромҳои Мисри Қадим хеле шабоҳат доранд. Вале аҳромҳои миррихӣ аз аҳромҳои заминӣ ҳаҷман хеле бузург буда, дарозии як теғаи он то ба 1,5 км мерасад.

Дарбори фиръавн. Тахайюли рассом.

Баъзе олимон тахмин мезананд, ки пайкараи Абулҳавл ва аҳромҳои миррихӣ аз асари рӯйдодҳои табиӣ падид омадаанд. Вале ягон ҳодисаи табиӣ қодир нест, ки чунин шаклҳои мукаммал, расо ва мавзуни геометриро биофарад. Шояд ҳақ ба ҷониби онҳое бошад, ки муҷАССАМАҲОИ миррихиро ёдгории замонҳои дуре меҳисобанд ва чунин мешуморанд, ки замоне дар рӯи Миррих барои зиндагӣ шароити мусоид мавҷуд буд. Ва дар рӯи Замин низ гӯё тамаддуне арзи ҳастӣ намудааст, ки дараҷаи инкишофи он нисбат ба дастовардҳои замони мо пешрафтатар буд. Тамаддунҳо ва офарандагони онҳо завол ёфтанду аҳромҳои мӯҳташам бо тимсоли абулҳавлҳои ҷовидонааш чун ёдгории қарнҳои басо дур то рӯзгори мо расидаанд.

Дар боби рӯзгори пурмоҷару шукӯҳу шаҳомоти давлатдории фиръавнҳо ҳатто дар каломи илоҳӣ Қуръони Маҷид тафсироти ҷолибе борҳо зикр шудааст. Мувофиқи маълумоти «Таърихи Табарӣ», ки оятҳои Қуръонро далел меорад, фиръавнҳои Мисри қадим подшоҳони қавию соҳибҷалол будаанд. Яке аз

пешина
аз 84
навбатӣ