Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
бародари бузургаш Мавсолро ба шавҳари пазируфт, духтари дуввумаш Ада бародари миёнааш Идрикро ҳамсари хеш ихтиёр кард. Ҳукми кишвар ба дасти писари бузурги шоҳ Мавсол гузашт».
Мавсол ҳама суду зиёни қаламравашро баркашида, пай бурд, ки дар шаҳри Милос — пойтахти Кария равнақи идораи умури ҳукумат ва беҳшавии аҳволи мардум корест муҳол. Мавқеи нобоб ва макони номувофиқи Милос, ки дур аз роҳи корвонгузару тиҷорат, дар домани кӯҳе афтода буд, ӯро водор намуд, ки бунёд кардани пойтахти навро биандешад. Ӯ саросари қаламравашро паймуда, ҷои муносиберо, ки дар сари роҳи корвонгузар ва соҳили рӯди паҳновар воқеъ буд, писандид. Шаҳраки Галикарнас бандари амиқ дошта, киштиҳо аз Баҳри Миёназамин ва Эгей сӯяш бемалол шино мекарданд. Паҳнои нишебрӯи шаҳр, ки атрофашро кӯҳҳо иҳота карда буданд, ба ривоҷу равнақи пойтахти оянда далолат мекард.
Мавсол пойтахташро ба Галикарнас кӯчонида, ба муқаррабону аҳли дарбор амр дод, ки дар ин шаҳр қасру кӯшқҳои бошукӯҳ бисозанд. Дар як муддати басо кӯтоҳ шаҳр аз рӯи лоиҳаи мукаммали меъморӣ доман густурда, аз хиёбону гулгаштҳои васеъ, бозору корвонсаройҳои бузург, дӯкону тиму тоқ ва боргоҳи савдогарон, маъбаду калисоҳои гуногунтарҳи мӯътақидон, қасру айвон, ҳарамсарову бӯстонсаро ва арку кӯшқҳои садришин пур гашт. Шоҳ дар ҷои баланду барҳавои шаҳр арки овозадор ва қасру ҳарамсарои беамсолашро қарор дода, барои бунёд кардани онҳо бузургтарин меъморону ҳайкалтарошони юнониро овард. Қасри мӯҳташаму арки баҳандаш он қадар андудаву пардоз ёфта буд, ки аз дур
МуҷАССАМАИ Артемисия.
Осорхонаи Британия.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё