Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
қариб ҳукми шоҳӣ дошта бошад ҳам, наметавонист, ки аз хатти кашидаи Доро як сари мӯй берун равад. Вазифаи ӯ асосан саробонии раият, ҷамъоварии андоз, молиёт ва маҳсулот буда, ҳукмаш ба сипоҳиён ва аҳли кишвар намедавид.
Доро тарзи идораи давлатро такмил дода, зимоми раият ва лашкарро ба дасти як кас вонамегузошт. Аз рӯи ақидаи ӯ ҳар як вилоятро се фарди соҳибихтюру аз рӯи мартаба қариб баробар — волӣ, соҳибдевон ва сарлашкар идора мекарданд ва ҳар кадом тобеи ҳукумати марказӣ буданд. Волӣ метавонист каси тавонгар ё аҳли раият бошад, вале расму оин ва мазҳаби мардуми маҳаллиро пазируфта, дар сурати хилофи амнияти давлат набуданаш густариш бидиҳад. Соҳибдевон одатан намояндаи ҳукумати марказӣ буда, кордории волӣ ва муқаррабони ӯро назорат мекард ва умури девону дафтарро ба ихтиёр дошта, вазъи вилоят ва кордории волиро мунтазам ба шоҳаншоҳ мерасонд. Сарлашкар низ дар вилоят ҳукми хешро дошта, амри шоҳаншоҳро мепазируфт ва қудрати саркашию ҷоҳталабӣ надошт. Ин се фарди соҳибихтиёр ва дар айни ҳол се рақиби гургошно водор буданд, ки ҷон бар гарав рӯз бишумуранд ва хидмати Дороро бо фурӯтаниву чоплӯсӣ ба сар баранд.
Гектомн дар қасри хеш шабҳои дароз мижа таҳ накарда, роҳи халосӣ меҷусту ба ҷуз он ки волигиро ба ихтиёри писари калонаш вогузарад, чорае намедиҳд. Чунон ки Страбон меорад, «Гектомн, шоҳи Кария, се писар дошт: Мавсол, Идрик ва Пиксадор. Ва ҳамчунин ду духтари нозанинро соҳиб буд. Духтари калониаш Артемисия

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё