Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан
  1. ОРОМГОҲИ МАВСОЛ

Волии Кария шоҳи собиқ Гектомн аз фузунии андози шоҳаншоҳи Ҳахоманишиён Дорои I ҳоли табоҳе дошт. Хазинаи мамолик холӣ гашта, ҳунармандону барзгарону муздурон дигар тобу тоқати кашидани бори андоз надоштанд. Чорае андешидан мебоист, вагарна ошӯбу исёне сар мезаду ҳам ҷони шӯришгарон ва ҳам сари шоҳи рӯзгордида, ки алҳол сарвари яке аз вилоятҳои сершумори империяи Порс буд, барбод мерафт.

Тасвири ғалабаи Дорои I бар исёнгарон. Катибаи Бесутун.

Гектомн бо чӣ анҷомидани оқибати ҳама шӯришҳоро хуб медонист. Ӯ худ шоҳиди ҳол буд, ки Фради Марғиёнӣ ва Фравартии Модӣ худро шоҳ эълон намуда, аз асари саркашиву исён бо чӣ азобу уқубат кушта шуданд. Катибаи Бесутун «Бирав ва мағлуб соз лашкареро, ки худро на лашкари ман гӯяд» аз пеши чашмаш дур намерафт.

Навиштаҷоти Катибаи Бесутун, ки дар саҳни баланду мусаллаҳ бо се забон - эламӣ, акадӣ ва форсии қадим сабт шуда буд, то ибрати саркашону ёғиён гардад, гӯё аз забони Дорои кишваркушо дар гӯшаш садо медод: «Пас аз он ман аз Бобул берун шуда ба Мод рафтам... Дар он ҷо Фраварти, ки худро шоҳи Мод гуфта буд, бо лашкараш ба муқобили ман ба ҷанг омад... Бо мадади Аҳурамаздо

пешина
аз 84
навбатӣ