Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

аввал то охир такмил дода, дар пеши худ мақсад гузошта буд, ки онро аз аслаш беҳтар бисозад. Ҳейрократ бузургтарин

Оташ задани маъбади Артемида аз ҷониби Геростат.

ҳайкалтарошону мусаввирони юнонӣ - Фидий, Поликлет, Лисипп ва Протогенро ба бунёдсозии маъбад ҷалб намуда, дар ниҳояти кор як иморати нотакрору мӯъҷизаосеро падид овард, ки аз маъбади аввала чанд карат бартарӣ дошт. Ӯ силсилаи ҳайкалҳо ва муҷассамаҳоро афзуда, ба онҳо баробари мазмунҳои динию асотирӣ тобишҳои ҳаётӣ бахшид ва қудрату тавоноии инсонро дар тимсоли худоён ситоиш намуд. Ҳайкали бузурги Артемида, ки 15 м баландӣ дошт, беҳтарин падидаи ин маъбад буд. Маъбади Артемида аз қабати хокистар бо шукӯҳу салобати тозае эҳё гардида, шӯҳрату овозааш дучанд афзуд. Шаҳри Эфес ба яке аз шаҳрҳои зеботарини олам табдил ёфта, дар он қасру иморатҳои бузург, китобхонаву осорхонаҳо ва театр у стадионҳо бунёд шуданд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин шӯҳрати Маъбади Артемида чандон дер напоид. Дарёи Каистра ҳар сол алалхусус ҳангоми селу обхезиҳо миқдори бешумори хоку гил ва регро шуста меовард. Канори баҳр сол то сол аз шаҳри Эфес дур мерафт ва соҳилҳои онро лойистони шӯруту касногузаре мепечонд. Дар ибтидои асри III милодӣ шаҳри Эфес аз бандар қариб 20 км дур афтод ва аҳамияти тиҷоратии хешро

пешина
аз 84
навбатӣ