Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
худоёну олиҳаҳоро метарошиданд. Дар сарсутуну нижвонҳо услуби кандакорӣ ва нақшбандиҳои хосе истифода мешуд. Маъбад бо бандубасти мураккаб, таносуби меъмории мӯҳташам, току равоқҳои бузург, ҳайкалҳои назаррабо, унсурҳои ороишии хушрангу дилоро, тасвироти ҳаяҷонбахши оин ва ҳангомаҳои динию ривоятӣ ақлҳоро тасхир намуда, як эҳсоси мутантану саршори арзу сипосро дар вуҷуди мӯътакидон меангехт.
Херсифрон дар поёни умр писараш Метагенро сармеъмори маъбад ва ҷонишини худ қарор дода, дар тайни чанд соли умри боқии хеш ба ӯ тамоми ҷузвҳои иморат ва нозукиҳои бунёди
Бунёди маъбади Артемида. Рассом Мартин Хемскерк.
онро омӯзонд. Метаген аз рӯи васияти падар сохтмони Маъбади Артемидаро идома дод. Ӯ ҳам мисли падар бисёр муаммо ва мушкилиҳои меъмориро ҳал намуда, дар кашонидан, тарошидан ва устувор кардани ғуласангҳои мармарӣ заҳмати беқиёсе ба сар бурд. Ҳатто ӯ мувофиқи ривоятҳо дар устувор кардани шоҳсутуни бузургу вазнини даромадгоҳи маъбад азияти бешуморе кашида, қариб ба худкушӣ расида буд. Мушкилтарин қисматҳои сохтмони маъбад дар зери сарварии Метаген анҷом пазируфт. Шоҳсутунҳо ва сутунҳои мунаккаш саросар устувор шуданд, рӯи боми маъбадро бо мармар пӯшониданд, ороиши дарун ва беруни иморат низ қисман поён ёфт. Аммо умри Метаген

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё